Суғд: Таваллуди 37 тифл дар 2 рӯз. Байнашон дугоникҳо низ ҳастанд

Дар вилояти Суғд шоми Соли нав, 31-уми декабр ва 1-уми январи соли 2024, 37 тифл ба дунё омадаанд.

Дар ин бора Мунира Валиева, сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд ба Pressa.tj хабар дод.

Ӯ гуфт, аз шумораи умумии навзодон 21 писар ва 16 духтар мебошанд.

 Бино ба иттилои номбурда, ҳоло вазъи саломатии навзодон хуб буда, байнашон 7 валодати пеш аз мӯҳлат низ ба қайд гирифта шудаанд.

Таъкид гардид, ки таваллуд асосан аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Гулистон ба қайд гирифта шудааст. Байни навзодон дугоникҳо низ ҳастанд. Модари навзодон истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон буда, дугоникҳо ҳарду писар мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *