Рақобати мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҳонгконг

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии Абу-Даби як бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо яккачини мунтахаби Тоҷикистон мебошад, ки чанде пеш бар тими миллии Чин (2:1) ғалаба кард.

Вохӯрии дастаҳои Ҳонгконг ва Тоҷикистон 4 январ дар Абу-Даби баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (17:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023, ки аз 12 январ то 10 феврал дар Доҳа баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *