Суқути ҳавопаймо дар Афғонистон бо 110 мусофир
Ҳавопаймои ширкати “Ariana Afghan Airlines” дар вилояти Ғазнаи Афғонистон бо 110 мусофир суқут кард, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба телевизиони “1TV”-и Афғонистон.
Тибқи маълумоти манбаъ ҳавопаймо дар қаламрави таҳти назорати Толибон суқут кардааст. Баъзе аз сомонаҳои иттилооти теъдоди мусофирони дар тайёрара бударо 80 нафар гуфтаанд ва баъзе тахминҳо низ вуҷуд дорад, ки тайёра на тайёраи мусофирбар, балки тайёраи низоми будааст. Ҳоло дар бораи талафоти ҷони ва сабаби суқути тайёра то ҳол маълумоти мушаххас ба даст наомадааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ