Суҳбати ошкорои Абдуллозода дар “Шифобахш” бо шаҳрвандон
Бо мақсади шиносоӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” рафт.
Бино ба иттилои Вазораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздид номбурда аз рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин марказ дидан намуда, инчунин бо наздикону пайвандони як қатор беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дода ва аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шудааст.
Гуфта мешавад, ки аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти маркази болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ