Суҳроб Рауфзода ба ҷойи Бахтиёр Ҳамдамов. Сармуҳаррири нави “Минбари халқ” кист?

Бахтиёр Ҳамдамов аз вазифаи сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ “Минбари халқ” барканор ва ба ҷойи ӯ Рауфзода Суҳроб Холмурод таъйин гардид. Аз ҲХДТ барканории Бахтиёр Ҳамдамовро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” арзёбӣ карданд. 

Суҳроб Рауфзода кист?

Рауфзода Суҳроб Холмурод сармуҳаррири нави “Минбари халқ” корманди собиқадори телевизион аст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солиёни дароз дар Телевизиони “Тоҷикистон” кору фаъолият дошт. Корманди радиои “Садои Душанбе” низ буд. Дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” ба ҳайси сармуҳаррир ва ҷонишини директор кор карда, як муддат директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Тоҷикистон” низ буд.

Ахиран, Суҳроб Рауфзода директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” буд. Шабакаи мазкур ба МИҲД-и шаҳри Душанбе мутааллиқ аст.     

Бахтиёр Ҳамдамов кист?

Бахтиёр Ҳамдамов, адабиётшинос ва рӯзноманигор, номзади илмҳои филология 2-юми январи соли 1968 дар деҳаи Сӯфи-Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 1992 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро хатм карда, солҳои 1987-1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хидмат намудааст.

Аз соли 1992 то соли 1993 ба ҳайси сармутахассиси Бунёди забони тоҷикӣ фаълоият дошт. Солҳои 1993-1996 дар аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил карда, соли 1997 дар мавзӯи “Падидаҳои маънавӣ ва ҳунарӣ дар ашъори Бедил” рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Солҳои 1997-2002 ба ҳайси устоди кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷики ДДХ, сармутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳамзамон мухбири махсуси ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Солҳои 2002-2006 Б. Ҳамдамов дар вазифаи сармутахассиси Шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳамоҳангсози Комиссияи миллии Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, солҳои 2006-2008 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2008 инҷониб ба ҳайси сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” ифои вазифа мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *