Муждагонӣ аз ЮНЕСКО барои тоҷикон

Ду номинатсияи Тоҷикистон муштарак бо якчанд кишварҳо — «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дод.

— Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон — «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад,- афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки қаблан ду номминатсияи Тоҷикистон дар шакли муштарак сабти ном шуда буд, ки санъати мусиқии “Шашмақом” соли 2008 муштарак бо Ӯзбекистон ва “Наврӯз” соли 2016 муштарак бо 12 кишвари ҳавзаи Наврӯз мебошанд.

Инчунин, то ин муддат аз Тоҷикистон номминатсияҳои “Оши палов” соли 2016, “Чакан” соли 2018 ва “Фалак” соли 2021 ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият сабт шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 28-уми ноябр то 3-юми декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО баргузор гардида, дар он номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо ва номинатсияҳое, ки ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ ҳастанд, аз ҷониби кумитаи мазкур расман эълон шуданд.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *