Суҳайло Мирзоӣ — Эрон

Қафас  

Зане шабеҳи зузнуқаам,

Таксир ва ҳей таксир мешавад.

Гӯшаам дар пинҳонкориҳои ту паноҳ мегирад,

Гӯшаи дигар аз лоси шабона боз мегардад.

Гӯшае ҳам гӯшагирӣ мекунад,

Ҳей мехоҳад бигӯяд беҳудаам беҳуда.

Гӯшаи дигарам қоҳ-қоҳ мехндад,

Ва мегӯяд: бехаёли ҳама.

Гӯшаи дигар каме он тарафтар,

Рост истодааст ва ҳей мегӯяд:

Дер аст зуд бош.

Ва ман ҳувл-ҳувл мебалъам,

Ҳама чизро мебалъам.

Гӯшаҳоям, ки сахт шабеҳи ман ҳастанд,

Ҳамеша ҳам гӯшаҳои зузнақа нестанд.

Гоҳе ба мураббаъ мемонам,

Ва дар он чаҳортоқ хафа мешавад.

Гӯшаҳоям, ки ба ҷони ҳам меафтанд,

Қай мекунам.

Ва барои нотавониам дилам меларзад!

***

Иттако  

Аз куҷои сарам меафтад,

Вақте миёни дақоиқ тиккаҳои пероҳан бараҳна мешаванд.

Аз куҷои сарам гузашта буд,

Аз кадом нуқта иттифоқро андохта буд.

Ки донаҳои сард ба ҳалқи чашмонам баргаштанд,

Ки калима на худо буд, ки хор,

Ёдам бошад пойи ҳар ҳарфе об бирезам.

Ва дарахте бикашам,

Ки ҷойи амни ҳуруф бошад,

Онҷо, ки аз сарат сар мераванд.

***

Ҷоду  

Ба ҳар ранге наққошиам кунӣ,

Хиёнат хоҳам кард.

Чандаш аз чашми кабуди ҷининиам,

Даҳони бозе, ки во биравад.

Биёфтам аз шиками пора,

Шохакҳои сиёҳ дар гулӯям гир кунанд.

Ҳаққи ҳеҷ ҳиқ-ҳиқе,

Ин ҷанини дар шикам.

Як мушт ҳаво балъидааст,

Эй, эй, эй.

Ҳавоямро дошта бошед,

Тарсам тардам мекунад.

Аз кашидани сандалӣ то поҳои раҳо,

Барои ҳар дона калима,

Испанде оташ кун.

Дудаш дурдонаам кунад шояд,

Аз ҳар ҷойи калима бинависиам,

Хиёнат хоҳам кард.

Аз фарқи сар то пойи рон,

Ба синат ҳило-ҳило,

Ба лоят низ хиёнат мекунам.

***

 Беҳуда  

Чӣ аз арзи даҳонам рад шавӣ,

Чӣ доира шавӣ сиёҳ, ки боло биоварамат.

Инкор намекунам,

Ки вожаҳо дар қаламрави марг қадам задаанд.

Сояе, ки рӯяш лиз мехӯранд аз гум то ку,

Гӯр то ту.

Махдушам кардаӣ,

Ханда мерезӣ рӯйи дандонҳои ҳирз,

Кремҳои кар.

Аз рӯйи дастам нанавис,

Ҳо алифҳо зиёд шудаанд.

Аз рӯят мебаранд,

Бо як нуқтаи зери сарам ба чашмҳоят,

Зил хоҳам зад то кӯр,

Ранҷи ҳазор Қоф дар шикамҳои болоомада,

Бодтар кардааст.

Хобҳое, ки аз дор сиёҳ шаванд,

Обире, ки чароғи қирмиз оташ бизанад.

Инкор намекунам,

Шаҳр бисӯзад.

Ниме аз ту пиёда шавад,

Рӯйи сатрҳои хок.

سهیلا میرزایی-ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *