Танкҳои Тоҷикистон тезгарду ғолибанд

Экипажи танки артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенант Ҷонибек Усмонов дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалии «Биатлони танкҳо” дар тамрингоҳи Алабинои вилояти Маскав инак бори дуюм ҷои аввалро гирифт. Дар рӯзи аввали мусобиқа экипажи лейтенанти калон Ҳамроз Одибеков сазовори ҷои аввал шуда буд.

Бино ба гузориши хабарнигори хабаргузории русии «Спутник” аз маҳалли мусобиқот, дар рӯзи сеюми мусобиқаи «Биатлони танкҳо” дар чорчӯби Бозиҳои сеюми низомӣ дар тамрингоҳи Алабинои вилояти Маскав экипажи артиши Тоҷикистон дигарбора дар як гурӯҳ бо танкистҳо аз Лаос ва Ангола вориди рақобат шуд. Экипажи Лаос ҳамаи се нишон – танк, чархбол ва дастаи гранатомётчиҳоро ба ҳадаф расонд, вале фосиларо то марра дар 58 дақиқа тай кард.

Экипажҳои Тоҷикистон ва Ангола дар задани нишонҳо муваффақ набуданд, вале танкистҳои тоҷик таҳти фармони лейтенант Ҷонибек Усмонов тавонистанд то марра дар 38 дақиқа, як дақиқа зудтар аз рақибонаш аз Ангола бирасанд ва ҷои аввалро бигиранд.

Дар гурӯҳи дуюм рӯзи 31 июл экипажҳо аз Чин, Муғулистон, Озарбойҷон ва Кувейт вориди рақобат шуданд. Пирӯзиро дар ин гурӯҳ экипажи Чин ба даст овард. Ҷои дуюмро Муғулистон ва сеюмро Озарбойҷон соҳиб шуданд.

Пирӯзии экипажи танкистҳои тоҷик дар рӯзи 31 июл алакай дувумин пирӯзии низомиҳои Тоҷикистон дар «Биатлони танкҳо” дар Алабино мебошад. Рӯзи 29 июл, дар рӯзи аввали мусобиқа экипажи артиши Тоҷикистон таҳти фармони лейтенанти калон Ҳамроз Одибеков низ масофаро дар 37 дақиқа тай карда, сазовори ҷои аввал шуда буд.

Мусобиқаи «Биатлони танкҳо” дар чорчӯби Бозиҳои сеюми байналмилалии низомӣ дар тамрингоҳи Алабино аз 29 июл то 12 август давом мекунад. Дар ин мусобиқот дар маҷмӯъ дастаҳои 19 артиши дунё ширкат доранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *