Суҳбати телефонии Пешвои миллат бо Темур Зулфиқоров
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров суҳбати телефонӣ намуд.
Дар гуфтугӯи телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоир ва драманависи номдори мамлакатро ба ҷашни 80- солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.
Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, муаллифи асарҳои зиёди назму насрӣ ва драматургӣ мебошад. Эҷодиёти Темур Зулфиқоров маротибаҳои зиёд дар театрҳои бузурги ҷаҳон ба саҳна гузошта шуда, бо 12 забони дунё тарҷума шудаанд. Номбурда муаллифи беш аз 20 филмномаи бадеию ҳуҷҷатӣ мебошад, ки сазовори ҷоизаҳои фестивалҳои миллӣ ва байналмилалии синамо гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ