Иди касбии табибон таҷлил мешавад

Имрӯз, 18 август кормандони соҳаи тиб иди касбии худро таҷлил мекунанд.
Бахшида ба ин ид субҳи имрӯз дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир гардид. Табибон дар ин рӯз хотири ин аллома ва табиби бузургро пос дошта, бори дигар хизматҳои Синоро дар тибби ҷаҳонӣ зикр намуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ  дар маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор мегардад. Дар он табибони хидматнишондодаи соҳа бо унвонҳои «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар чорабинӣ инчунин ғолибони озмунҳои «Духтури беҳтарин», «Ҳамшираи беҳтарин» ва ғайра муайян мегарданд.  Ҳамчунин дар назар аст, ки аз ҷониби иттифоқҳои касаба духтурон бо туҳфаҳо сарфароз гарданд.
Хотиррасон мекунем, ки Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он акнун  ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад.
Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тояшон расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро  гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба  илми пизишкӣ тааллуқ доранд.  Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Аш-Шифо» ва «Ал-Қонун» мебошанд, ки бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон ба шумор мераванд.
Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон  пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18- солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст. Вай дар пешрафт ва тараққиёти дигар соҳаҳои илми тиб низ хизмати босазо кардааст. Ӯ усулҳои набзшиносӣ, табшиносӣ, бавлшиносӣ ва вабошиносиро нишон дода, роҳҳои муолиҷаи чунин бемориҳоро тавсия додааст. Хизматҳои Ҳаким Сино дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ беҳамто мебошанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба эҳтироми ин ҳакими бузург хиёбоне дар  пойтахт номгузорӣ шуда, ба муносибати 1000- солагии мавлудаш дар маркази шаҳр муҷассамааш афрохта шуд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ имрӯз номи ӯро дошта, бо номи ин олим Мукофоти давлатӣ таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *