Дилшод ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт

 Шоми  дирӯз  варзишгари  маъруфи тоҷик Дилшод Назаров  дар мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ оид ба гурзандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия ҷойи севумро гирифт ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ин  мусобиқоти интихобӣ дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри  Рио-де-Жанейро миёни 32 гурзандози зӯртарини ҷаҳон аз 26 кишвар дар ду гурӯҳ-  A ва B  баргузор шуд. Дар ин мусобиқот аз Британияи Кабир, Беларус ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сенафарӣ, аз Полша ва Эрон дунафарӣ ва аз кишварҳои дигар якнафарӣ иштирок карданд. Гурзандози  маъруфи  тоҷик Дилшод Назаров ба гурӯҳи В дохил буд. Дар ин гурӯҳ дунафарӣ аз Беларусу Британияи Кабир ва якнафарӣ аз Финляндия, Венгрия, Молдова, Мексика, Узбекистон, Юнон, Ҷумҳурии Чех, Полша, Туркия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эрон шомил буданд.
Дилшод Назаров, ки таҳти рақами 2967 рақобат кард, бо натиҷаи 76 метру 39 сантиметр дар гурӯҳи В дар ҷойи севум қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ варзишгари Полша Войтсех Новитскии 27-сола бо натиҷаи 77.64 метр мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дувум бо натиҷаи 76.51 метр насиби Иван Тихони 40-сола аз Беларус гардид.Баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд. Онҳо барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.
Бояд зикр кард, ки  мусобиқоти гурӯҳи А бо ширкати 16 гурзандоз дирӯз  пеш аз сабқати гурӯҳи А доир гашт. Ба ин гурӯҳ ду нафар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва якнафарӣ аз Бразилия, Беларус, Миср, Италия, Куба, Словакия, Коста Рика, Туркманистон, Полша, Украина, Британияи Кабир, Эрон, Қатар ва Испания шомил буданд.
Дар сабқати гурӯҳи А Вагнер Домингос аз Бразилия бо натиҷаи 74.17 метр ғолиб шуд. Марсел Ломнитски аз Словакия бо натиҷаи 74.16 метр дувум ва Евгений Виноградов аз Украина бо натиҷаи 73.95 метр севум шуданд. Вале натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони гурӯҳи А нисбат ба пешсафони гурӯҳи В пасттар аст. Бинобар ин, дар ҳисоби умумӣ аз рӯи натоиҷи ҳарду гурӯҳ Войтсех Новитски, Иван Тихон ва Дилшод Назаров мутаносибан дар ҷойҳои якум, дувум ва севум қарор гирифтанд.
Баъди натиҷагирии мусобиқоти интихобӣ ё квалификатсионӣ аз байни 32 гурзандоз дувоздаҳ нафар беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 19 август доир хоҳад шуд, роҳ ёфтанд. Онҳо барои медалҳои олимпӣ мубориза мебаранд.Ба ҷуз Войтсех Новитски (Полша), Иван Тихон (Беларус) ва Дилшод Назаров (Тоҷикистон), боз 9 варзишгари дигар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд, ки инҳоянд: Кристиан Парс (Венгрия, 75.49), Диего Дел Реал (Мексика, 75.19), Сергей Маргиев (Молдова, 74.97), Давид Содерберг (Финляндия, 74.64), Сергей Коломоетс (Беларус, 74.29), Вагнер Домингос (Бразилия, 74.17), Марсел Ломински (Словакия, 74.16), Евгений Виноградов (Украина, 73.95) ва Ашраф Амҷад Ал Сайфӣ (Қатар, 73.47).
Натиҷаи беҳтарини Дилшод Назарови 34-сола 80 метру 71 сантиметр мебошад. Дар даври ниҳоӣ рақибони аслии ӯ Иван Тихони 40-солаи беларусӣ (натиҷаи беҳтаринаш  84.51 м), Кристиан Парси 34-солаи маҷористонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  82.69 м) ва Войтсех Новитскии 27-солаи лаҳистонӣ (натиҷаи беҳтаринаш  78.71 м) мебошанд. Дар воқеъ, дар ин намуд варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев соли 1992 дар Бозиҳои олимпии Барселона (Испания) бо натиҷаи 82.54 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.