Суғд: 143 ҳазор кг маҳсулоти пастсифат нобуд карда шуд
Масъулини Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо дар вилояти Суғд (Тоҷикстандарт) дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 143 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, сохтмонӣ ва номгӯи зиёди дигар намуди маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлати истеъсолашон гузаштаро ошкор ва бо иштироки коммисия нобуд карданд.
Ба гуфти директори марказ, Абдураҳмон Раҳимзода, дар вақти гузаронидани санҷиш ба миқдори зиёда аз 100 ҳазор кг маҳсулоти хӯрокаи қаннодӣ, маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, орди гандум , 109260 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулотро ошкор намуданд, ки баъзе аз маҳсулоти номбурда сертификати мутобиқат надоштанд. Инчунин қисми зиёди онҳо бо надоштани тамғагузорӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мутобиқ набуданд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ