Суғд: 25 ҳазору 313 нафар бемори ҷоғар ҳастанд

Духтурони маркази эндокринологӣ дар Суғд мегӯяд, дар пайи як таҳқиқоти хоса аз 3 ҳазору 891 санҷиш танҳо дар 11 ҳолат намакҳои камёдро дарёфт кардаанд. Ин таҳқиқот байни хонандагони мактаб анҷом ёфт, ки ҳар як хонанда аз хона 10-15 грамм намаки оширо ба санҷиш овардаанд. Эндокринологҳо мегӯянд, дар пайи кушода мондани халтачаи намак таъсири ёднокии он бухор шуда ҳангоми истеъмол шахсро ба бемории ҷоғар мубтало мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳангоми корҳои «профилактикӣ», соли ҷорӣ эндокринологҳои Суғд аз байни 193 ҳазору 278 нафар сокинони ин вилоят дар 25 ҳазору 313 нафар бемории ҷоғарро дарёфт кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *