Суғд: 2886 муроҷиат барои муқаррар кардани падарӣ
Давоми соли 2017 2886 нафар барои муқаррар кардани падарӣ ба шӯъбаю бахшҳои сабти аснои ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муроҷиат кардаанд. Бино ба иттилои мудири Шӯъбаи САҲШ дар вилояти Суғд, Муқаддама Ҳошимзода ин намуди муроҷиат нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, ки ба 2588 адад баробар буд, 298 шикоят зиёд мебошад.
Ба гуфти Ҳошимзода муроҷиат оид ба муқаррар кардани падарӣ дар се шаҳру ноҳия бештар ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи муроҷиатҳо аз 300 ададӣ зиёд аст. Масалан, дар Истаравшан -366, Деваштич-353 ва Исфара- 309 ба қайд гирифта шудааст.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ