Донишҷӯёне аз маблағи кредитӣ озод карда мешаванд

—Ҷараёни таълим аз рӯи 5 навъи ихтисос дар зинаи бакалавр ва мутахассис ҷараён дошта, чор сол боз мо бо вуҷуди душвориҳои тахассусӣ бо низоми кредитӣ фаъолият мебарем. Аз таҳлили санҷиш, супурдани рейтингҳо аз имтиҳонот бармеояд, ки дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён  дар маҷмуъ 85%-ро ташкил дода, соли 2017 донишкадаро 804 донишҷӯ хатм кардаст. Бо квотаи президентӣ 196 нафар донишҷ таҳсил доранд, — гуфт ректори ин муассисаи олии таълимӣ Шодӣ Сафаров барои рӯзнманигорон. -Саҳми олимону устодон дар навишти рисолаю корҳои илмӣ ва дастурдиҳӣ назаррас аст. Танҳо дар соли сипаригашта 16 конференсияи илмию амалӣ ва 4 мизи мудаввар баргузор гардид. Бо ташаббуси кафедраҳо китобу барномаҳои тозаи таълимӣ аз дигар забонҳо бо забони давлатӣ тарҷума шуданд. Китобҳои «Гимнастика», «Психологияи варзиш», «Фалсафаи варзиш», «Шиноварӣ», «Ченаки варзиш», «Барномаи фанни тарбияи ҷисмонӣ барои мактабҳои олӣ (кафедраҳои тарбияи ҷисмонӣ”,  инчунин луғатҳои соҳаҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ бо теъдоди дастрас аз чоп баромаданд.

Шодӣ Сафаров афзуд, ки бо фармони ректори донишкада ва қарори Шӯрои олимон ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва камбизоат, инчунин донишҷӯёни дараҷаи варзишидошта ва донишҷӯдухтарон дар раванди рейтингу имтиҳонот мусоидат карда мешавад. Яъне, ҳангоми қарздорӣ аз пардохти маблағи кредитӣ озод карда мешаванд.

Дар бобати фаъолияти варзишии ДТТҶ Шодӣ Сафаров иброз намуд,ки варзиш шаъну шуҳрат ва боиси сари баланди устодони шогирдони муассиса гардидааст. “Мо бо дастовард ва ғалабаҳои шогирдони худ Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Бахтовар Ҳасанов, Комрошоҳи Устопириён, Темур Раҳимов, Ҷамолиддин Абдуллоев, Муҳаммад Хоркашов, Акмалиддин Каримов, Беҳрӯзи Хоҷазода ифтихор дорем”.

Дар донишкада дар давраи ҳисоботӣ 40  мусобиқаи гуногун аз рӯи 33 намуд гузаронида шуд. Шаш сол боз дастаи волейболи донишкада дар байни 39 мактаби олии касбӣ ғолиби ягона ва мутлақи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад. 140 нафар бону ва 173 нафар ҷавонписар аъзои дастаҳои варзишии  Тоҷикистон мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *