Тоҷикони гумшуда Чаро онҳо дар дунё кам мешаванд?

Ҳангоми мутолиаи эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ ба навиштае рӯ ба рӯ шудам.  Шоир ёдовар мешавад, ки бори аввал калимаи «тоҷик»-ро дар осори Саъдӣ во хӯрдааст.  Саъдӣ ба маҳбубаи худ хитоб карда гуфтааст:

Шояд, ки ба подшоҳ бигӯянд,

Турки ту бирехт хуни тоҷик.

Чун маънои калимаи «тоҷик»-ро надонистам, менависад Лоҳутӣ дар ҷустуҷӯи он ба китобҳои луғат муроҷиат намудам. Дар китобе навишта шуда буд: «Тоҷик номи қабилаест, ки як замоне вуҷуд доштааст: дар луғатҳои туркӣ ба маънии форс ҳам омадааст.”

Ман аз ин ҷумла дарёфтам, ки душманони дохилию хориҷӣ ошкору пинҳонӣ дар мубориза ба ин миллати ҷафокашида дар набард будаанд. Ин мубориза имрӯз ҳам поён наёфтааст.

Лоҳутӣ дар идома менависад, баъд аз шиносоӣ ба Тоҷикистон «халқе, ки як замон вуҷуд дошт” … халқе шудааст, ки барои инкишофи иқтисодӣ ва мадании худ асос ва имконияти том дорад».

Ҳамзамон мегӯяд «тоҷикон дорои мероси пурсарвате чун назми классикии форсу тоҷик мебошанд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Дақиқӣ, Абӯалӣ Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Умари Хайём ва даҳҳо дигар устодони сухан, … асарҳои безаволи худро бо забони модарии тоҷикон навиштаанд…»

Пас аз овардани ин муқаддима, метавон хулоса кард, ки бешубҳа метавон гуфт, ки забони тоҷик, миллати тоҷикро зинда нигоҳ доштааст.

Ба маълумоти баъзе сарчашмаҳо дар дунё зиёда аз 20 миллион тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки ин хатои маҳз аст.

Тоҷикистон бо шумори зиёд дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд.

Чаро шумори тоҷикон сол аз сол дар дигар давлатҳо рӯ ба камшавӣ дорад? Оё ин раванд табиист ё дигар? Замоне дар Ҳиндустон, Покистон тоҷикон зиёд зиндагӣ мекардаанд. Миёни онҳо шахсиятҳои бузурге ҳам ҳастанд, ки бо эҷоди худ дар адабиёти форсу тоҷик абадан сабт гаштаанд. Пас суоле бармеояд, ки насли ояндаи онҳо куҷо шудаанд? Чаро онҳо аз худ дарак намедиҳанд?

3 августи соли 2017 дар маҷаллаи ҳафтагии англисзабони “The Fziday times” №4,матлабе дар бораи тоҷикони Покистон, чоп шуд. Муаллиф дар матлаб аз тоҷикони Покистон, ки зиёда аз 1000 сол дар ҳудуди имрӯзаи ин кишвар зиндагӣ мекарданд, ёдовар шуда, онҳоро «Тоҷикони гумшудаи Покистон» ном мебарад.

Раванди бо таври сунъӣ кам кардани тоҷикон дар Осиёи Миёна баъди солҳо 1920 ба авҷи аъло расид. Мисол: Тибқи ҳисоботи солҳо 1915 танҳо дар Самарқанд тоҷикҳо 59901 тан ва ӯзбекҳо 819 танро ташкил мекарданд.

Тибқи ҳисоботи соли 1926 бошад, дар Самарқанд тоҷикҳо — 10716 тан ва ӯзбекҳо — 43301 танро ташкил медод. Ва ин танҳо хоси Самарқанд нест.

Чаро тоҷикҳо кам шуданд? Ин ба манфиати кист?

Ба ин суолҳо то имрӯз касе посухи илмӣ надодааст. Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки он тоҷиконе, ки дар шиносномаҳояшон “тоҷик” қайд нашудаанд,  ғурури тоҷиконаи онҳо, номуси тоҷиконаи онҳо, ҳувияти тоҷиконаи онҳо шояд коста шудааст, ки барои барқарор кардани миллати худ талош намекунанд ва аз худ дарак намедиҳанд.

Агар ҳамин раванд идома ёбад, тақдири “тоҷикони гумшудаи Покистон” насиби тоҷикони боқимондаи тамоми дунё хоҳад шуд.

Мубориза бар зидди миллати тоҷик бо роҳҳои гуногун амалӣ мешавад.

Мисол, дар Афғонистон зиёда аз 20 миллату халқият зиндагӣ мекунанд.  Пеш аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта тибқи ҳисоботи оморӣ дар Афғонистони паштунҳо 39,4% то 42%, тоҷикон аз 40% то 60%, ҳазораҳо аз 8% то 10%, ӯзбекҳо аз 6% то 9% ва ғ. ташкил медоданд. Забони гуфтугӯ ба забони дарӣ (тоҷикӣ) зиёда аз 50%, паштунӣ 35%, забони ӯзбекӣ 8%-и аҳолии Афғонистон гуфтугӯ мекардаанд.

Аммо баъд аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта кор ранги дигар гирифт. Тоҷикон аллакай 33,7%-и аҳолии Афғонистонро ташкил медодагӣ шуданд.

Ҳол он ки дар 15 вилояти Афғонистон аксари аҳолиро тоҷикон ташкил медиҳанд:  Панҷшер 99%, Парвон 82%, Бадахшон 81%, Тахор 78%, Балх 73%, Самангон 72%, Қундуз 61% ва ғайра.

Ин мушкилӣ мутаассифона аз назари ҳама дур мондааст. Ногуфта намонад, ки умеди тоҷикони тамоми дунё Тоҷикистон аст! Борҳо шоҳиди гуфтугӯҳои тоҷикони Афғонистон гаштам, ки аз Роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ситоиш мекарданд. Бинобар ин решаҳои кам шудани тоҷикон дар кишварҳои дигар бояд ҷиддӣ омӯхта ва чораҳои пешгирии ин раванд гирифта шавад.

Таджики – потерянная нация?

 Маҳмадулло Аминов, кишоварз

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *