Суғд : 41 сол зиндони дуздони ниқобпӯш
Додгоҳи ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд як гурӯҳи 5-нафарии ниқобпӯшро, ки ба ғорат ва дуздии амволи мардум машғул буд, аз 5 то 12 сол равонаи зиндон кард.
Ба қарори додгоҳ Исломхоҷа Маматхоҷаев ба 12 сол, Азаматхӯҷа Мирзохӯҷаев ба 11, Абдуаҳад Маликов ба 10 соли зиндони дорои низомаш сахт ва ду шарики онҳо — Акрамхӯҷа Аҳмадов ба 5 ва Фазлидин Ҷумъаев ба 3 соли зиндони низомаш умумӣ, маҳкум гардиданд. Додгоҳ ин афродро дар маҷмӯъ барои “роҳзанӣ” ва “дуздӣ”, гунаҳкор донист.
Мувофиқи маълумоти додгоҳ ин гурӯҳи 5-нафарии иборат аз ҷавонони аз 20 то 26-сола, бо маслиҳати қаблӣ дар даст ашёи оҳанин ва ба сар ниқоб кашида, рӯзи 7-уми ноябри соли 2016 ба нуқтаи фурӯши сӯзишвори “Роҳи сафед”, воқеъ дар ноҳияи Ғафуров ворид гардида, ду посбони онро лату кӯб карданд ва ҳудуди 7 ҳазор сомонӣ ва ду телефони мобили посбонҳоро ба яғмо бурданд.
Ҳамчунин, ин гурӯҳ нимарӯзи 19-уми январи соли равон дар маҳали зисти худ аз набудани сокини ҷамоати Холматови ноҳияи Ғафуров — Қутфинисо Солиева дар манзилаш истифода карда, ба хонаи ӯ ворида шуда, маблағи беш аз 13 ҳазор сомонӣ пул ва ашёи дигари ӯро ғорат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ