Суғд: 70-солагии Ниёзӣ баргузор мегардад

Ба иттилои Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳматҷони Раҳматзод имрӯз соати 13:00 дар факултети “Филологияи тоҷик” ҷашни 70-cолагии шоири халқии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Нурмуҳаммад Ниёзӣ аз шоирони соҳибзавқ буда, дар ашъораш асолату балоғати забони шевои модариро мутаҷаллӣ сохта, дар тасвири манзара, офаридани образҳо ва корбурди васоити суханороӣ муваффақ аст. Мавсуф аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ниёзӣ муаллифи китобҳои «Ниҳоли навбар», «Санги сабз», «Оташи санг», «Аз ҳама дур», «Офтоби сӯхта», «Сафари шаҳри ишқ», «Васли танҳо», «Зангӯла зан!», «Реша дар санг», «Дарёи дигар», манзумаҳои «Ангораи тавонгардил», «Тахти тоҷик» ва ғайра мебошад. Соли 2012 Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил(Хуҷанд) «Девони ғазалиёт»-и ӯро дастраси хонандагон намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *