Суғд: 703 нафар шахсони масъулро ба ҷавобгарӣ кашиданд
Ба иттилои Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилояти Суғд ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи буҷет,саривақт пардохт намудани музди меҳнат, маблағҳои истифодаи барқу оби нӯшокию полезӣ, танзими асъор ва ғайра аз ҷониби прокуратураи вилоят мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Дар натиҷа аз натиҷаи он 703 нафар шахсони масъул ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, зиёда аз 61,6 млн сомонӣ ба таври воқеӣ рӯёнида шудааст: -“Инчунин вобаста ба пардохт накардани музди меҳнат 31 ва танзими асъор77 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”-афзуд Воҳидов.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ