Ба ёди кушташудагони ҷанги шаҳрвандӣ лавҳа мегузоранд

Тасмим ҳаст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони сохти конститутсионӣ гузошта шавад. Ин пешниҳоди иштирокчиён ва оилаҳои бесоробонмонда мебошад, ки мехоҳанд бо гузоштани лавҳаи ёдгорӣ хотираи нафарони дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шударо пос доранд.

Масулини ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи баркароркунандагони сохти конститутсионӣ» дар ин ноҳия мехоҳанд, лавҳа дар мавзеи сайругашти одамон қомат рост кунад. Ҳоло мавзеъи бунёди лавҳа дақиқ нашудааст ва барои сохтани он тахмин беш аз 300 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст.

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *