Суғд: 9 ҷинояти хонандагони мактаб дар як моҳ

Дар соли 2018 аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон 207 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 174 ҷиноят танҳо бо иштироки ноболиғон сурат гирифтааст. Бино ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд,  Каримзода Осим  сол то сол ҷиноят байни ҷавонон ва хонандагони мактабҳои миёнаву олӣ зиёд шуда истодааст:

-“Масалан, соли 2017 агар 170 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2018 ин шумора ба 207 адад расид, ки 37 адад зиёд аст.  Ҷиноятсодиркунӣ дар байни хонандагони мактабҳои миёна низ зиёд шудааст. Соли 2017 агар 75 нафар толибилмони ММТУ ҷиноят содир карда  бошанд, соли 2018 ин шумора ба 107 адад расидааст ”.

Инчунин Каримзода қайд кард, ки танҳо дар як моҳи январ 13 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар 9 адади он хонандагони мактаб даст доранд.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *