Суғд: Афзоиши ҷиноят, қонунвайронкунӣ ва пошхӯрии оилаҳо

Дар шаш моҳи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 335 адад ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 панҷ адад зиёд аст.

Ноҳияи Ғафуров: 335 адад ҷиноят дар 6 моҳ

Дар шаш моҳи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 335 адад ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 панҷ адад зиёд аст. Санаи 24 июл Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи мазкур зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттило дод.

Инчунин, ӯ изҳори нигаронӣ кард, ки 24 адад ҳолатҳои худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд аст.

Бояд зикр намуд, ки ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷумла расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 3 адад, одамкушӣ 2 адад, қаллобӣ 18 адад, ғоратгарӣ 1 адад, авбошӣ 6 адад тамоюли камшавӣ дорад.

Хуҷанд: 160 қонунвайронкунӣ дар соҳаи замин

Дар шаш моҳи соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд 160 ҳолати қонунвайронкунии соҳаи замин ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи ин қонунвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон (ягон масъули МИҲД-и шаҳр ё кумитаи идораи замин нест) содир шудааст. Дар ин бора 23 июл Маъруф Муҳаммадзода раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ҳамчунин, ӯ зикр намуд, ки нисбати қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 85,5 ҳазор сомонӣ ҷаримандӣ карда шудааст.

“Айни замон бо назардошти солҳои пешина 4122 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1636 нафар барои таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба навбат гирифта шудааст”, — афзуд Муҳаммадзода.  

Спитамен: 96 оила дар 6 моҳ пош хӯрд

Ба гуфти Сулаймонзода Акрам, раиси ноҳияи Спитамен дар шаш моҳи соли 2019 дар ноҳияи Спитамен 96 адад пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 37 адад кам мебошад.

“Пошхӯрии оилаҳо албатта масъалаи нигаронкунанд аст. Аз ин рӯ барои  паст кардани тамоюли пошхӯрии оилаҳо кормандони ҷамоат, САҲШ ва дигарон бояд ҷиддан корбарӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. 7 адад кам шудан  хуб аст, аммо бояд омори оилавайронӣ боз ҳам камтар шавад”, — афзуд Сулаймонзода.

Маврид ба зикр аст, ки дар шаш моҳи соли 2019 аз тарафи бахш ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 2598 адад сабти асноди ҳолати  шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78 адад кам мебошад.

Фарзона Муродӣ  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *