…Гарм, чунон гарм ,ки чунин гармиро кам дар ёд дорам.Имсол тобистон дар кишвар ҳаво хеле гарм омад. Ҳатто дар пойтахт,ки чун дар доманакӯҳ асту ҳамасола нисбати дигар минтақаҳои ҷанубӣ салқинтар, ба гуфтан осон: 42 то 45 дараҷа!

Аз гармӣ ҳавсалаи гуфтани ин калимаро надорам…

…Гарм, чунон гарм ,ки чунин гармиро кам дар ёд дорам. Имсол тобистон  дар кишвар ҳаво хеле гарм омад. Ҳатто дар пойтахт,ки чун дар доманакӯҳ асту ҳамасола нисбати дигар минтақаҳои ҷанубӣ  салқинтар, ба гуфтан осон: 42 то 45 дараҷа! ТВ- ҳои мо  бешубҳа ин гармиро андаке пасттар нишон медиҳанд,аммо термометри мошин ва телефон дурӯғ намегӯянд.

Шояд ҳароратсанҷи онҳо дар ягон ҷои салқинтар гузошта шуда бошад. Вақте ки як шабакаи муътабари ТВ гармиро 38 дараҷа нишон дод, дари ҳуҷраи кориро боз намудам,ки аз берун чун аз танӯри тафсон гармӣ ба рӯям зад. Ҳалолат бод, касе, ки бе ҳавосардкунак мешинад. Аз сарди паноҳ бурдан мумкин,аммо аз гармӣ ба куҷо мегурезӣ? Ҳама ҷо гарму гарму гарм….

Ба куча баромадам ва ҳароратсанҷи телефон 43 дараҷаи селзияро нишон медод. Бо он,ки мо ҳарорати воқеиро намегӯем, шиддати гармӣ  паст мешавад? Агар чунин бошад, 20-22 нишон диҳанд,ки ин  ҳарорати  муътадил барои зисти инсон аст. Баъзеҳо бар он ақидаанд,ки агар шиддати гармиро 40 ва аз он зиёдтар нишон диҳанд, ба мардуми дар ин рӯз ба  кор баромада бояд компенсатсия (ҷубронпулӣ) дода шавад.

Канӣ ҳамон қонун ва ин ҷубронпулиро кӣ медиҳад? Ҳукумат? Соҳибкоре, ки дар корхонаи ӯ кор мекунед? Умедвор нашавед ва натарсида ҳарорати воқеиро гуфтан гиред, зеро ин соҳибкор ё роҳбари корхона ҳарорат ба  50 расад ҳам, як пули пучак намедиҳад. Хулоса, капитализм!

Ин сохтор қонунҳои худро дорад ва қонунҳои даврони сотсиалистиро ба гӯшаи фаромӯшӣ  супоред. Беҳтараш, аз ҳукумати шаҳр хоҳиш кунед,ки оббозӣ дар назди фаввораҳоро дар ин рӯзҳо мисли кишварҳои аврупоӣ ба кӯдакон иҷозат диҳанду милисаҳо онҳоро наронанд.

Онҳо Аврупоиҳо ва ҳатто русҳо гармӣ агар аз 30 дараҷа боло равад, чунин корро мекунанд.  Ана, ин компенсатсия барои рӯзҳои гарм хоҳад шуд!

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *