Суғд: Бемории дарахтони анор

Боғдорони вилояти Суғдро  ғайриқаноатбахш ҳосил додани дарахтони анор нигарон кардааст. Ба гуфти боғдорон имсол нисбат ба соли гузашта ҳосили ин намуди мева ду маротиба кам гардидааст. Ниҳолҳои анор дар пайи беморӣ ва кирмзанӣ ҳосилнокии худро аз даст додаанд. Яке аз он боғпарвароне, ки то имрӯз аз ҳисоби анорпарварӣ ва фурӯши анор рӯзгорашро таъмин мекард холаи Ойбибӣ аст. Ин зан сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, имсол аз як гектар майдони анор ҳамагӣ 300 кг ҳосил ба даст овардааст. Деҳқонзан аз он нигарон аст, ки мавсими тобистон барои ҳосилнокии анор маводи кимиёвӣ ва маблағи зиёдро сарф кардааст. Аммо аз ҳосили он наметавонад хароҷоти кардаашро рӯйпӯш кунад.

Айни замон дар бозорҳои вилояти Суғд, хосатан бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд 1кг анор  наздик ба 20 сомонӣ арзиш дорад. Ба гуфтаи фурӯшандагони бозори мазкур эҳтимол нарх тағйир ёфта аз ин ҳам гаронтар шавад.

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *