«Сказ»-и Русия ба Тоҷикистон омад

10 октябри соли равон дар Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Конек-Горбунок» — и Театри лӯхтаки «Сказ» -и вилояти Новокузнетски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Намоиши «Конек — Горбунок» аз рӯи асари Петр Ершов омода гардида, дар як рӯз се маротиба манзури тамошобинони хурдсол ва наврас гардонида шуд.
Ҳадаф аз баргузор намудани намоиши мазкур- ин таҳкими робитаҳои фарҳангиву театрӣ байни кишварҳо буда, гуфтушунид оид ба сафари ҳунарии Театри лӯхтаки «Сказ»-и вилояти Новокузнетскии Федератсияи Русия зимни баргузории Фестивали байналхалқии театрҳои лӯхтак- «Чодари хаёл» сурат гирифта буд.
Баргузории намоиши «Конек — Горбунок» то 21 октябр идома ёфта, он дар як рӯз се маротиба манзури тамошобинон мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *