Суғд: беш аз 200 ҳолати бурриши ғайриқонунии дарахт ошкор шуд

 

Соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 200 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахт ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Темурҷон Нӯмонзода ҳолати ғайриқонунӣ буридан ва ё решакан кардани дарахтон бештар дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Шаҳристон ба қайд гирифта шудааст.

Соли 2016 аз ҷониби мақомоти экомилитсияи вилояти Суғд  дар 6602 объектҳо санҷишҳо гузаронида шуда, барои бартараф кардани камбудиҳои   ошкоршуда ба роҳбарони объектҳо 11338 супоришҳои ҳатмӣ дода шуд. 

Инчунин дар семоҳаи якуми соли 2017 дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи  олами наботот 244 объект аз ҷониби масъулин санҷида шуда, 289 адад супориши ҳатмӣ барои бартараф намудани камбудиҳо дода шуд.  Агар соли 2016 41 адад мавод ба суди иқтисодӣ барои баррасӣ пешниҳод шуда бошад, дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба суд 8 мавод оиди ғайриқонунӣ буридани дарахт ирсол гардидааст.

45 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд, аммо…

Дар асоси фармоиши Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилоят “Оид ба гузаронидани амалиёти ҳезум” аз 09. 12. 2015с таҳти № 89 бо мақсади эмин нигоҳ доштани доштани ҷангалзорҳо ва пешгирии буриши худсаронаи дарахтон дар ҳудуди вилояти Суғд аз тарафи нозирони раёсат ва шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд-мегӯяд Абдурасул Каримов, сардори шӯъбаи ҳифзи олами набобат ва ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Ба иловаи Каримов то 15. 03. 2016 аз тарафи  нозирони Раёсат ва шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо 45 маротиба амалиётҳои фаврӣ гузарнида шуда, нисбати қонуншиканиҳои ошкоршуда 46 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбати шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд ба маблағии 5600 сомонӣ ҷарима баста шуда, ба маблағи 3200 сомонӣ зарар ситонида шуд.

     Шаҳрвандон дидаю дониста ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд?

 Танҳо дар давоми соли 2016 аз тарафи нозирон 1183 адад санадҳои азнавгузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати шаҳрвандон ва шахсони масъуле,ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, 451 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аммо бо вуҷуди ҷаримабандиҳои зиёд ва дигар намуди ҷазоҳо бархе аз шаҳрвандон ба худсарона буридани дарахтони дар ҳоли сабзиш қарордошта дидаю дониста даст мезананд.

Ин ҳолат ба хусус дар ноҳияҳои Ашт ва Шаҳристон бештар ба назар мерасад, ки аз ҷониби кормандони мо чораҳои лозимӣ дида мешавад-меафзояд сардори шӯъбаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд.

 

      Ҳам ғайриқонунӣ дарахтбурӣ  ҳам шикоят

Каримов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯз шумораи афроди ғамхору дилсӯзи табиат кам шуда истодааст. Аммо баръакс нафароне, ки бераҳмона даст ба дарахтбурӣ зада, дарахти сабзро ба хокистар табдил медиҳанд зиёд шудаанд:-Ҳастанд ҳолатҳои шаҳрвандон аз нодонӣ ё заруриятҳои иҷтимоӣ даст ба буридлани дарахтон мезананд. Онҳое, ки даст ба нобуд кардани дарахтони сабз мезананд, маъмулан аз он шиква мекунанд, ки барои захираи ангишт дар зимистон ва ё василаҳои дигари гармидиҳии манзил ва таҳияи ғизо, мисли ҳезум ё таппак маблағи кофӣ надоранд. Сокинони деҳот аз он ҳам шикоят мекунанд, ки дар сурати таъмини манзилашон бо барқ, фурсати гарм кардани манзил ва таҳияи ғизои гарм бо оташдони барқӣ кифоят намекунад ва ҳам қимати барқ барояшон гарон мешавад.

Аммо вақте ки аз ҷониби кормандони ҳифзи масъулини Раёсат ё кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дасгир мешаванд, танҳо баҳона пеш меоранд, ки онҳо намедонистанд, ки пеш аз дарахтро буридан ба кормандони ҳифзи муҳити зист муроҷиат карда, иҷозат гирифтан даркор аст. Вале маълум аст, ки инҳо ҳама баҳона аст, шояд аз надонистани қонуну қарорҳои махсус оид ба ҳифзи муҳити зист ва эмин доштани дарахтони сабз бархе аз шаҳрвандони деҳоти дурдаст  бехабар бшанд, зеро ба матбуот ва дигар ВАО дастрасии кам доранд (ҳатто надоранд), аммо надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 Ба кормандони экология муроҷиат карда хотирҷамъ шудам

Неъматов Ҳайдар, собиқадори маҳаллаи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар ноҳия ҳамчун боғпарвар мешиносанд чанде пеш ба муаммои дарахбурӣ рӯ ба рӯ шуд. Номбурда, ки ба шинонидани дарахтон ва пайванду парвариши  онҳо завқ зиёд дорад, 15 сол пеш дарахтеро  шинонида нигоҳубин мекард. Вале чанде пеш масъулини соҳаи маориф омада гуфтанд, ки мо ин дарахтҳоро решакан карда, ба ҷои он панҷараҳои мактаб (№26-и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров)-ро нав мекунем. Ман розӣ нашудам ва ба кормандони экология муроҷиат кардам. Ба ҳамин то ҳол  он дарахтон аз эҳтимоли бурридашавӣ эмин монда, рӯз то рӯз сабзу хуррамтар шуда истодаанд.

“Ба кормандони экология муроҷиат карда дарахти сабзу дастпарварамро аз нобудшавӣ эмин доштам. Акнун хотирам ҷамъ аст, ки кормандони соҳаи мазкур бохабар шуда меистанд, ки мабодо ин дарахтро касе бо баҳонае решакан накунад.   Бо вуҷуди ини нигаронам, мабодо аз набуданам истифода карда дарахти парвардаамро бибуранд. Барои ҳамин ҳар замон аз тирезаи хона ба дарахт нигоҳ мекунам, то хотираш ҷамъ шаваду хобам роҳат бошад”-мегӯяд мард.

 Дилбар Хоҷаева, нафақахӯр- Ба ақидаи ин зан, ки дар ҷамоати Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи ин зани рӯзгордида, ки худ дар фасли зимистон доимо аз сӯзишвории намуди ҳезум истифода мебарад.

Зан ки дар шароити ҳавлӣ зиндагӣ мекунад барои хӯроку нон пӯхтан ва  печка ва доимо ҳезум харидорӣ мекунад, инчунин шохҳои танзимкардаи дарахтонро истифода мебарад. Ба гуфтаи ин зан на танҳо ӯ, балки дигар  ҳамсояҳояш низ ҳезумро зиёдистифода мебаранд. Аз ин рӯ  наметавон  ҳолати дарахтруриро якбора аз байн бурд. Зеро дар шароити деҳот сӯзишвории асосӣ ҳезум ба ҳисоб меравад ва сокинон барои пӯхтану нону хӯрок пурра аз ҳезум истифода мебаранд.

                    Мақсади гузаронидани амалиёти “Ҳезум” дар чист?

Ба гуфти сардори шӯъбаи ҳифзи олами набобат ва ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдурасул Каримов дар давоми даҳсолаҳои охир инсонҳо дар нобудсозии бераҳмонаи дарахтон ба хотири сӯзишворӣ таъсири фоҷиабор расонидаанд. Инчунин мутахассисон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Дар кишвар дар қатори олами набобату ҳайвонот дарахтони мевадиҳанда ва ҳам нодири табиати Тоҷикистон  бераҳмона  бурида ё решакан карда мешаванд. 

-Аз ин рӯ ба хотири ҷилавгирӣ аз раванди нобудшавии дарахтҳо Раёсат амалиёти махсусро бо номи рамзии “Ҳезум” ба роҳ мондааст. Дар ҷараёни ин амалиёт масъулин аз роҳи ҷаримаву таҳияи парвандаҳои маъмурӣ талош мекунанд дарахтонро аз нобудсозӣ эмин дорад-мегӯяд Каримов.

Меъёрҳои ҳисоб кардани товони зарар дар дарахтбурӣ

 

Синну соли дарахту буттаҳо Меъёри товони зарар (Х)
1 Барои ҳар як дарахти зарардидаи то 5-сола                    2
2 6-10 сола                  3
3 Аз 10 боло               4
4 Барои ҳар як буттаи зарардида                1

Меъёрҳои ҷуброни товони зарар ба фонди ҷангал дар натиҷаи ҷамъоварии худсаронаи  маҳсулоти худрӯйи ҷангал (чормағз, писта ва бодом) расидашуда аз рӯи маҳсулоти хушк ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Намуди меваҳои худрӯй Меъёри ҷуброни товони зарар (Х)
1 Чормағз 1,0
2 Писта 1,5
3 Бодом (талхдона) 1,0
4 Дулона 0,5
5 Санҷид 0,5
6 Хуч 1,0
7 Челон 1,0
8 Ангат 1,0
9 Тут 0,5
10 Анор 0,5
11 Хурмо 0,5
12 Биҳӣ 0,3
13 Себ 0,5
14 Мурут(ҳамаи намудҳояш) 0,5
15 Олуча ва олуболу 0,5
16 Зардолу 1,0
17 Ангур 0,5
18 Яхма 0,
19 Бодом (шириндона) 1,5
20 Дигар намуди меваҷоти худрӯй 0,5

                         Мутахассисони соҳаи экологӣ чи мегӯянд?

Имрӯз яке аз масъалаи муҳими экологӣ буридани ғайриқонунии дарахт мебошад. Масъалан ташкилоти байнамилалии  GIZ  оид ба муаммои табиат таҳқиқот бурд. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гашт, ки аз соли 1990 то соли 2016 дар ҷумҳурӣ 17%-и бешабоғҳо несту нобуд шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисони  ташкилоти мазкур барои барқарор кардани 0,5 %-и  боғзорҳои нобудшуда  10 сол лозим аст.

Мутахассисони соҳаи экологӣ ба онанд, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани буридани ғайриқонунии дарахтон хатари шамоли шадид, нест шудани ҳайвоноти нодир ва вайроншавии таркити хок (эрозия), селхезӣ ва дигар хатарҳо ба миён меояд. Пас барои пешгирӣ аз ин гуна хатарҳо бояд ҳар фард, ки худ узви ҷудонопазири табиат аст, ғамхори табиат бошад.

                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ

             

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *