Ғанӣ Зиё Масъудро аз вазифа барканор кард

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад Зиё Масъуд – бародари фармондеҳи машҳур Аҳмадшоҳ Масъуд ва домоди раисиҷумҳури собиқ Бурҳонуддин Раббониро ба далели нокомиаш аз мақоми намояндаи раисиҷумҳур дар умури ислоҳот ва идораи хуб барканор кардааст.

Давoхон Минапол, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон рӯзи 18 апрел гуфт, Аҳмад Зиё Масъуд натавонист ба ҳадафҳое, ки дар пеши ӯ ба унвони намояндаи фавқулоддаи раисиҷумҳур дар умури ислоҳот гузошта шуда буд, бирасад ва ба ҳамин далели нокомиаш сабукдӯш карда шуд: «Оқои Аҳмад Ғанӣ Аҳмад Зиё Масъуд масъули беҳбуди умури ҳукуматдорӣ ва ислоҳот карда буд, вале мутаассифона, ӯ дар амри расидан ба ҳадаф муваффақ набуд ва барканор шуд.”

Аҳмад Зиё Масъуд аз ангуштшумор намояндагони ҷамъияти тоҷикони Афғонистон буд, ки дар интихоботи соли 2014-уми раёсатҷумҳурии Афғонистон на аз намояндаи тоҷикҳо ва ҳамсангари собиқаш Абдуллоҳи Абдуллоҳ, балки аз ғолиби баъдии он маърака Ашраф Ғанӣпуштибонӣ кард ва дар даври дувуми интихобот дар ситоди интихоботии Ашраф Ғанӣ қарор дошт.

Аҳмад Зиё Масъуд инак дувумин намояндаи ақалиятҳои қавмии Афғонистон аст, ки бо вуҷуди ҳимоят аз номзадии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи ахир, натавонистанд мавқеи худро дар ҳукумати ӯ нигоҳ бидоранд. Генерал Абдулрашид Дустум, ки дар интихобот низ аз Ашраф Ғанӣ ҳимоят кард ва ба мақоми ноиби раисиҷумҳур расид, ҳоло расман тарки ин мақом накардааст, вале, бино ба гузоришҳо, бо иттиҳоми бадрафторӣ таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Аҳмад Зиё Масъуд ду соли охир раҳбарии умури ислоҳот дар маъмурияти Ашраф Ғаниро бар дӯш дошт. Аммо дар ҳоле ки Арки раёсатҷумҳурӣ аз нокомии Аҳмад Зиё Масъуд дар ин мақом ҳарф мезанад, таҳлилгарони умур барканории бародари Аҳмадшоҳ Масъудро ба мавқеъгириҳои ахири вай ва интиқодҳояш аз сиёсати кунунии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва аз шахси худи раисиҷумҳур, аз ҷумла дар масъалаи раванди сулҳ бо Толибон рабт медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *