Суғд: Беш аз 4500 нафар гирифтори зардпарвин шудаанд.
Танҳо дар як ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон наздики 100 нафар бо нишонаҳои бемории сироятии зардпарвин сабтином шудаанд.
Саида Ғафурова, котиби раиси ҷамоати Пунук 18 сентябр гуфт, бештари беморони зардпарвин кӯдакони то 5 — 6 сола ҳастанд ва калонсол миёни онҳо ангуштшуморанд.
Ба гуфтаи ӯ, табибон манобеи обӣ, ҳоҷатхонаҳои маҳаллаҳо ва хонаҳои сокинонеро, ки дар онҳо сироятшудаҳо ҳастанд, бо васоили тиббиву кимиёӣ безарар мегардонанд.
Исматулло Абдуллоев, табиби сироятшинос дар беморхонаи ҷамоати Ориён, ки беморони зардпарвин аз ҷамоати Пунук низ дар он ҷо табобат мегиранд, мегӯяд, дар 2 моҳи охир ҳудуди 40 бемори зардпарвинро бистарӣ кардаанд.
“Баъзе беморон дар хонаҳояшон табобат мегиранд. Барои ҳамин ба маркази беҳдошт муроҷиат кардем ва корҳои безараргардониро ба роҳ монданд. Ҳамчунин табибони сироятшинос ва беҳдоштӣ байни мардум суҳбату маърӯзаҳо карда, роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро мефаҳмонанд”, — афзуд ӯ.
Солҳои охир дар Тоҷикистон шумори гирифторон ба гепатит ҳудуди 10 ҳазор нафар гуфта мешуд. Ба гуфтаи табибони Суғд, нишонаҳои хуруҷи зардпарвин ахиран на танҳо дар деҳоти Ашт, балки дар ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич ҳам ошкор шудааст. Бино бар омори мақомоти беҳдоштӣ, дар маҷмӯъ дар Суғд соли гузашта беш аз 4500 нафар гирифтори зардпарвин шудаанд.
Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки хатари гирифторӣ ба беморӣ дар манотиқи дурдаст ҳамеша бештар аст, чунки дастрасии сокинон ба манобеи оби пок, маводи тозаву санитарӣ ва ҳам хадамоти босифати тиббӣ камтар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ