Дар рӯзи иди Челябинск зани тоҷик таваллуд кард

Евгений Тефтелев, мири шаҳри Челябински Русия ба табрики чанд модаре рафтааст, ки дар Рӯзи иди шаҳр таваллуд кардаанд.

Рӯзи шаҳр дар Челябинс ҳамасола 13 сентябр ҷашн гирифта мешавад ва соли сеюм аст, ки Тефтелев ба ҳайси шаҳрдор аз як таваллудхонаи шаҳр дидан мекунад. Имсол ӯ ба таваллудхонаи №6 рафтааст. Тефтелев дар як суҳбат бо “Комсомольская правда” — Челябинск”, гуфтааст, 13 сентябр дар ин таваллудхона чор тифл ба дунё омадааст: “Се сокини Челябинск ва як зани тоҷик таваллуд кардаанд, ки ӯро ҳам табрик кардем”.

Ба иттилои нашрия, Евгений Тефтелев ба ин модарон маблағи пулӣ ва кати хоб барои кӯдакон тақдим кардааст.

Дар маҷмӯъ дар Рӯзи иди Челябинс 40 тифл ба дунё омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *