Суғд: Боздошти зани танфурӯши навбатии гирифтори СПИД

Дар шаҳри Хуҷанд О. ном зани 31-солаи танфурӯшро дастгир кардаанд. РВКД Суғд мегӯяд, ин зан 4 сол боз гирифтори ВИЧ – вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД буд, вале бо ин вуҷуд ба шуғли танфурӯшӣ идома медод ва ахиран Т.М.И, як сокини 46-солаи ноҳияи Ғафуровро ба ин вирус олуда кардааст. Дар ду ҳафтаи охир ин алакай сеюмин мавриди боздошти афрод дар Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаюдониста паҳн намудани инфексияи ВИЧ(СПИД) мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як зани 31-солаи миллаташ русро, ки медонист ба бемории вируси норасоии масъунияти бадан гирифтор буду ба фоҳишагӣ машғул будбоздошт кардаандДар ин бора рӯзи 10 октябр ба сомонаи «Ахбор” аз раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд.

О. А.С., соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Хуҷанд аз 23 сентябри соли 2014 баъди ташхиси лаборатории хунаш дар маркази мубориза бо ВНМБ (СПИД) дар вилояти Суғд огоҳӣ пайдо кардааст, ки ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор аст.

Аммо, омаддааст дар иттилоияи РВКД Суғд, бо вуҷуди огоҳ будан аз беморӣ О. ба фоҳишагӣ машғул гардида, ахиран шаҳрванд Т.М.И., соли таваллудаш 1972 сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба вируси ангезандаи ВНМБ (СПИД) гирифтор кардааст.

Мақомоти милитсияи вилояти Суғд бар зидди О.А.С. бар асоси моддаи 125 қ1-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми дидаю дониста паҳн кардани инфексияи ВИЧ (СПИД) парвандаи ҷиноятӣ оғозкардаанд.Ин банди қонун барои дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо инфекцияи ВИЧ гузоштани шахси дигар ҳамчун ҷазо то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манбаи «Ахбор» дар беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд рӯзи10-уми октябр гуфт, ки аз ҳама роҳи хуб ва осони пешгирии ин беморӣ эҳтиёткорӣ аст: «Бояд аз алоқаи ҷинсӣ бо занҳои фоҳиша худдорӣ кард, зеро танфурӯшон як манбаи паҳншавии СПИД ва бемориҳои ҷинсӣ дониста мешаванд. Ҳоло заноне ҳам ба табобат меоянд, ки хонашин ҳастанд ва ҷое ҳам нарафтаанд, аммо гирифтори вирус шудаанд. Ин айби шавҳарони бадахлоқ аст, ки ё дар инҷо, ё дар Русия ҳангоми муҳоҷират алоқаҳои ҷинсии бетартиб мекунанд ва ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла ВИЧ ва СПИД-ро барои ҳамсарони бечора ва бехабарашон «армуғон” меоранд. СПИД бо роҳи алоқаи ҷинcӣ сироят меёбад. Фоҳишаҳо бо одамони зиёд алоқаи ҷинсӣ мекунанд, чунки шуғлашон ин аст, аммо инсони солим барои ҳамагӣ чанд дақиқа худро мубталои ин беморӣ мекунад.

Дар ду ҳафтаи охир ин алакай сеюмин мавриди боздошти афрод дар Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаю дониста паҳн кардани вируси ВИЧ мебошад.

Рӯзи 3 октябри соли 2018 кормандони милитсия марди 31-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам дастгир кардаанд. Ин мард ба бемории Вируси норасоии масунияти одам гирифтор шуда, худро ба қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ш.Душанбе намондааст.
Гузашта аз ин, менависад ВКД, «рӯзи 6-уми августи соли 2018 новобаста аз он, ки номбурда аз тарафи маркази мазкур оиди бемор буданаш огоҳнома гирифтааст, дидаву дониста бо зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе алоқаи ҷинсӣ намуда, номбурдаро ба бемории ВНМО гирифтор намудааст.

Моҳи сентябр як сокини 32-cолаи шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон (собиқ (Қайроққум)-ро, ки бо вуҷуди гирифториаш ба вирусВИЧ/СПИД ба танфурӯшӣ машғул буд, боздошт карданд. Ин зан аз 22 феврали соли 2017 расман дар сабти Маркази пешгирии мубориза бар зидди ВНМБ қарор дошт, вале ҳамоно ба шуғли танфурӯшиаш идома медодааст. Ҳанӯз маълум нест, ки чанд мард аз ин зан сироят шудаанд.

Номбурда ҳатто бо шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Файсал Умед, муваққатан истиқоматкунандаи н. Ҷ. Расулов, бар ивази 150-сомонӣ алоқаи ҷинсӣ кардааст.

Ш.Б., соли таваллудаш 1986 миллаташ ӯзбек, бевазан будаастӮ соли 2017 бар асоси моддаҳои 110 қ1(қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ)ва 237 қ3(авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст. Ш.Б. ҳоло ба дониста паҳн намудани инфексияи ВИЧ айбдор дониста мешавад. Ҳамин тавр, моҳи июли соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як зани муттаҳам ба паҳн кардани бемории ВИЧ/СПИД-ро барои як сол маҳкум ба зиндон карда буд. А.З ба он айбдор дониста шуд, ки бо вуҷуди огоҳиаш аз гирифтории худ ба вируси норасоии масунияти бадан бо дасти кам 10 мардҳамхоба шудааст.

Зане, ки ба паҳн кардани беморӣ муттаҳам мешавад, соҳиби ду фарзанд аст ва ҳамаи «мизоҷонаш» сокинони Шаҳритус будаанд. Ӯ баъди ҷудоӣ аз шавҳар ба танфурӯшӣ шурӯъ карда ва аз соли 2014 расман ба ҳайси гирифтори бемории норасоии масунияти бадан сабти ном шудааст. Маълум нест, худи ин зан аз кӣ сироят шудааст.

Баъди эълони ҳукми А.З. мақомоти Маркази мубориза бо СПИД гуфтанд, ки хушбахтона, ин зан давояҳояшро сари вақт истифода мекард ва ба ин далел, ҳеҷ кадом аз мардоне, ки бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардаанд, сироят нашудаанд.

Бино ба охирин омори расмӣ, ки моҳи декабри соли 2017 вазорати тандурустӣ дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо СПИД нашр кард, дар Тоҷикистон 9637 нафар гирифтори вируси ВИЧ – ангезандаи бемории қаттоли СПИД (норасоии масунияти бадан) буда, танҳо дар соли 2017 ба шумори ин беморон 887 нафари дигар афзудааст.

Танфурӯшон дар баробари мӯътодони маводи мухаддир аз манбаъҳои умдаи афзоиши сафи гирифторони вируси ВИЧ дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Дар солҳои охир муҳоҷират низ дар қатори манбаъҳои густариши ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон ном бурда мешавад.

Моддаи 125-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дидаю дониста паҳн кардани вируси ВИЧ ва СПИД аз ду то 10 соли зиндон ҷазои ҷиноӣ муқаррар кардааст.

Моддаи 125. Сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330)

1) Дидаю дониста, таҳти хавфи сироят бо вируси норасоии масунияти одам гузоштани шахси дигар (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2) Бо вируси норасоии масунияти одам сироят кардани шахси дигар аз ҷониби шахсе, ки мубталои ин беморӣ будани худро медонист (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1330),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки:

а) нисбати ду ё зиёда шахсон (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);

б) нисбати шахси баръало ноболиғ содир шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35),

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Бознашр аз akhbor.com

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *