Маоши 400 сомонӣ Хароҷоти 1000 сомонӣ. Ба куҷо равонем?

 Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бо Фармони Президенти кишвар музди кормандони буҷавӣ ва донишҷӯёну нафақахӯрон 15 фоиз боло бурда шуд. Аз  нигоҳи аввал хеле хуш ба назар мерасад. Воқеъан, ҳам хуш мебуд, агар…

Агар пас аз баланд шудани маоши коргар нархи барқ боло намерафт. Агар донишҷӯи аълохон бо пули стипендияи худ роҳкиро карда метавонист. Агар нафақахӯре, ки дар як моҳ 180 сомонӣ мегирад, дар бозор лоақал нисфи маҳсулоти ниёзи аввалияи якмоҳаашро харида метавонист…

Нархҳои бозорро кунҷковона  як- як мепурсидам, ки  харидоре дар дӯкони меваҷот бо фурӯшанда савдо дошт: «Аз ҳамин себ баробари 8 сомонӣ баркашида деҳ». Пурсидам, ки  «магар 3 дона себ барои оилаатон кам нест?» Бо ин савол аламашро тоза кардам, ки  ба шикоят шурӯъ кард: «Бовар кунед, 1300 сомонӣ маош мегирам.  Қариб ҳамин  қадар  маошро шавҳарам низ мегирад. Аммо яхдони хона  танҳо ду ҳафтаи аввал пур мешавад. Баъд аз он дар дохилаш ҳатто муш худро ба дор меовезад», — бо заҳрханд нақл кард зан, ки худро Нодира ном бурд.

Барои таҳлил намудан як оилаи иборат аз 6 нафар (чор фарзанд ва падару модар)-ро, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, ин ҷо мисол меорем. Аз рӯи мушоҳидаҳо  барои ин гуна оила дар як моҳ маводи ниёзи аввалия тақрибан  як линча (50 кг) орд-170 сомонӣ,  12 литр равған- 156 сомонӣ, то 4 кг гӯшт — 160 сомонӣ, 10-12 кг картошка — 24 сомонӣ, 10-12 кг пиёз – 15 сомонӣ, 6-8 кг сабзӣ-18-20 сомонӣ, 30 дона тухм- 27 сомонӣ, 2 кг шакар -12 сомонӣ  сарф мешавад. Боз дар давоми як моҳ пули барқ аз 180 то ба 250 сомонӣ мерасад. Пардохти маблағи  обу партовҳо, ки ба наздикӣ боз баланд шуд, бе ҳисоб.  Ҳамааш ҷамъулҷамъ дар як моҳ 834 сомонӣ  мешавад. Барои хариди либосҳои мавсимӣ ҳоҷати гап нест. Ин рақам дар ҳолест, ки маоши ҳадди ақали коргари тоҷик 400 сомонӣ аст. Агар коргари «хуб» бошад, яъне маоши миёна гирад, 1169 сомонӣ мешавад.  Аз ин рақам 334 сомонӣ боқӣ мемонад.  Марди таъминкунандаи як оила бояд бегоҳ нишинаду фикр кунад, ки ин 334 сомониро миёни зану фарзандонаш (донишҷӯ ё боғчарав) чӣ хел тақсим кунаду боз  роҳпулӣ ёфта, ҳар саҳар ба кор бо чеҳраи кушод равад.

Дар ин миён барои мард хушбахтист, агар ҳамсараш маълумоти олӣ дошта бошаду барои кашонидани бори зиндагӣ дар бари шавҳараш қарор гирад. Лекин агар зан низ ҳамин миқдор маош бигирад, танҳо барои пӯшокаи худ ва фарзандонаш хоҳад расид. Акнун дар мисоли ин  оила чӣ гуна метавон фикри онро кард, ки фарзанд дар литсей ва ё курсҳои иловагӣ таҳсил мекунад.  Дар ин вазъият ду роҳ аст: мард ё ба Русия муҳоҷир мешаваду тарбияи фарзандонро бар зиммаи  ҳамсараш мепартояд ва ё фарзанд  дар муассисаи беҳтар таҳсил карда наметавонад. Оянда ӯ ба сафи маоши ҳадди ақал гирандагон дохил мешавад, ки падараш дар он ҷо қарор дошт.

С. Розиқзода, “Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *