Суғд: Гирифторони ҷоғар 1384 нафар зиёд шудаанд

Соли 2018 дар  Маркази клиникави  эндокринологии  вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон  Набиев  42235 нафар бемории ҷоғар дарёфт карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати ба ҳамин давраи соли 2017 1384 адад зиёд аст. Ба гуфти сарвари Марказ Набиев Алишер Ҷаҳонович  агарчӣ муроҷиат зиёд аст, аммо нисбат ба солҳои қаблӣ аз рӯи нишондод ба 100000 аҳолӣ гирифторшавӣ ба бемории ҷоғар кам аст:

 -“Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бемории ҷоғар хеле зиёд буд. Ҳоло аз рӯи омор муроҷиат зиёд бошад ҳам, гирифторшавӣ аз рӯи фисад 11 ё 11,2%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба даҳсолаи қаблӣ 3-4% кам аст”-афзуд Набиев.

                                            Ҷоғар чист?

Ҷоғар ё худ варами ғадуди сипаршакли гулӯ аз зумраи бемориҳое мебошад, ки саривақт табобат накардани он ба дил, системаи асаб ва дигар узвҳои инсон таъсири бад мерасонад. Ин беморӣ нишонаҳои гуногун дорад, аммо аксар шаҳрвандон ба он беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.

Мутахассис Набиев Алишер бар он назар аст, ки дар ҳоли сарвақт ба табобат ҷалб нашудан хатари бемории ҷоғар натанҳо ба гирифтори ин беморӣ, эҳтимол дорад  ба наслҳои ояндаи ӯ низ таъсири бад расонад. Ба гуфти Набиев яке аз сабабҳо муроҷиат зиёди шаҳрвандон  аз ҳисоби хуб ба роҳ мондани корҳои ташхисӣ ва дастрас шудани таҷҳизотҳои наву муосир мебошад.  

-“Дар таҷрибаи корӣ шудааст ҳолатҳое, ки шаҳрванд қариб даҳ сол боз аз беморӣ азият мекашад, аммо пас аз гузашти 10 сол баъд муроҷиат мекунад. Дар баъзе маврид худи бемор бо якравӣ аз табобат саркашӣ мекунад, аммо   аъзоёни оилаи ӯ барои ташхис меоранд. Умуман барои тамоми намуди беморӣ ғамхорӣ нисбат ба саломатии худ дар мадди аввал меистад. Илова бар ин дар ҳоли бемор агар худи бемор майл ба табобат накунад бояд аъзои оилаи ӯ ғамхории бештар зоҳир кунанд.  Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо вуҷуди табобатталаб будани ҷоғар аксаран онро дарди маъмулӣ қабул карда, бо ибораи “Ин зоб дар ҳама ҳаст-ку” бепарвоӣ зоҳир мекунанд, ки ин оқибати хуб надорад. Ҳар рӯзи ба табобат таъхир кардани бемор ва ҳар бепарвоии ӯ боиси кашол ёфтани муҳлати табобат мегардад”-афзуд Набиев.

  Ҳаво туман шавад дилам сахт зиқ мешуд, аммо намедонистам, ки…

Дилфӯза Шокирова сокини ноҳияи Ашт аст. Ин ҷавонзан модари ду фарзанд буда бо маҷбурияти шавҳар дар тӯли 28 соли умр бори аввал ба ташхис рафт. Ба гуфти ӯ ягон ҷои баданаш дард намекард, аммо ҳамеша асабӣ буд ва ҳатто ба фарзандонаш сухани хубу ширин гуфта наметавонист. Ин феълу рафтори Дилфӯза  водор кард, шавҳараш ӯро ба назди духтури асаб барад.  Духтури асабшинос  тавсия дод, ки ба  Маркази клиникави  эндокринологӣ  рафта аз ташхис  гузаранд. Дар ин марказ маълум шуд, ки Дилфӯза бемории ҷоғар доштааст.  Ӯ гирифторшавияш ба ин бемориро чунин нақл кард:

“-Тахмин синфи 7 ё 8 будам , ки дар андак гап тез оташӣ мешудам. Аммо ҳам худам ва ҳам аҳли оилаамон инро “характери бад” унвон мекардем. Бо мурури вақт баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил шудам ва ба худам маълум буд,  ки дар арганизмам  ягон беморию норасоӣ ҳаст. Зуд-зуд хасташавӣ, асабишавӣ, сардардӣ, дар ҳавои боронӣ ё туман худ бу худ гиристан…

 Баъди оиладорӣ   бештар асабӣ мешудам. Бо тавсияи шавҳарам ба табобат ҷалб карда шудам. Як маротиба дар ин марказ бистарӣ шудам ва ҳоло доруҳои зидди бемориро хурда истодаам. Асабҳоям ором ва сардардиям комилан рафъ шудааст.

 22 сол пеш «Барномаи пешгирӣ аз афзоиши сатҳи бемории ҷоғар» ба тавсиб расида буд

Сарчашмаи бемории ҷоғар ин камйод мондани организм аст. Аз ин ру мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки аз намакҳои пурра йодноккардашуда истеъмол бояд кард.

Дар кишварҳое, ки норасоии йод мушоҳида мегардад, таъминоти аҳолӣ таввасути йодноккунии маҳсулотҳоии ғизоии равған, орд, намаки истеъмолӣ, оби нӯшокӣ ва ғайраҳо амалӣ карда мешавад.  Масъалаи пешгирии бемории ҷоғар дар Тоҷикистон тавассути йодноккунии намаки истеъмолӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ роҳандозӣ шуда буд.   

Ба гуфти сарвари марказ  Набиев Алишер ҳамасола семенару омӯзишҳои гуногун оид ба ёдноккунии намакҳо ва аҳамияти он гузаронида мешавад. Инчунин мутахассисони соҳа  оид ба   йоднокии намакҳои ошӣ ҳамеша санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ мегузаронанд.

Барои пешгирӣ аз афзоиши бемории ҷоғар соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи пешгирӣ аз афзоиши сатҳи бемории ҷоғар» -ро ба тасвиб расонида буд.   Хулоса, ҷоғар аз қадимтарин бемориҳое мебошад, ки роҳи ягонаи пешгирии он дар Тоҷикистон йодноккунии намак аст.

                                                                              Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *