Суғд: Хуҷанд шаҳри беҳтарини вилоят!

  Дар натиҷаи озмуни минтақавии «Шаҳри беҳтарини Суғд» шаҳри зеботарин ва тозатарин, хулоса беҳтарини ин минтақаи ҷанубии кишвар шаҳри Хуҷанд  дониста шуд.

Ин тасмимро маркази маъмурии вилояти Суғд, пас аз ҷамъбаст намудани овозҳо баровардааст.

Тавре аз  бахши идеологӣ ва маъмурии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ин озмун тӯли чанд моҳ аст, ки бахшида ба 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он ҳамаи 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд ширкат дошта, Хуҷанд аз байни ҳамаи онҳо дастболо шуд.

Дар баробари зебогӣ ва тозагии шаҳри Хуҷанд боз аз он боис ғолиби озмуни «шаҳри беҳтарини Суғд» гардид, ки масъулин ва сокинони он  дар  шаҳр имсол  корхонаҳои зиёде сохта, чандин одамони бекорро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ҳамчунин сохтмони нав, аз навсозии корхонаҳои аз кор баромада ва кабудизоркунии минтақаҳои бекорхобидаро роҳандозӣ намудаанд.

Дар маросими тантанавии супоридани дипломи озмун ба ғолиб худи раиси вилоят- Абдураҳмон Қодирӣ дипломро ба раиси шаҳри Хуҷанд- Шариф Файз супорид.

Мавриди зикр аст, ки ин аввалин ғолибияти Хуҷанд дар озмуни «Шаҳри беҳтирини Суғд» набуда, ин шаҳри зебо се сол инҷониб «тоҷ»- и озмунро бар сар дошта, то кунун онро ба ягон шаҳр ё ноҳияи Суғд надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *