Кӯдаке, ки ба синфи 1 меравад, чиро бояд донад?

Мактабравак шудану ба синфи як қадам гузоштан воқеаи хотирмонтарин дар ҳаёти ҳар як кӯдак аст. Дар ҷаҳони муосир талабот ба сатҳи илмомӯзӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Солҳои пешин кӯдакон хондану навиштанро танҳо дар мактаб меомӯхтанд, имрӯз бошад, аксари кӯдаконе, ки ба синфи 1 мераванд, аллакай хондаю навишта метавонанд. Пас, сатҳи фаҳмишу дониши кӯдаке, ки ба мактаб меравад, бояд чӣ гуна бошад?

Суҳбати мо бо Фирӯза Саидовна Қодирова, омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти умумии томактабӣ № 49, ш. Душанбе атрофи ҳамин мавзуъ аст.

— Аксари волидон гумон мекунанд, ки барои омода намудани кӯдак ба мактаб хондан, ҳисоб кардан ва навишта тавонистанро омӯзонидан кофист. Оё дар асл чунин аст?

— Дар асл тайёр кардани бачаҳо ба мактаб масъалаи хеле ҷиддӣ ва фарох аст. Ҳангоми омода намудан ба мактаб пеш аз ҳама ҷаҳонбинии кӯдакро васеъ кардан  лозим аст. Бо кӯдаконе, ки нав мактабхон мешаванд, бештар дар бораи зиндагӣ суҳбат карда, кӯшиш намоед, ки фарқи байни баду некро фаҳмонда диҳед. Ба кӯдак китобчаҳои афсонавиро хонда, ҳамроҳаш рафтори қаҳрамонони китобро муҳокима намоед. Омӯзиши ҳарфу рақам, фигураҳои геометрӣ ва рангҳо низ муфид аст. Кӯдак бояд тарафи ростро аз чап, калонро аз хурд, васеъро аз борик фарқ карда тавонад. Аз рӯйи имкон бикӯшед, ки ба бача хонданро ёд диҳед. Кӯдаке, ки ба синфи 1-ум меравад, бояд ақаллан бо ҳиҷо хонда тавонад ва то рақами 10 бемалол ҳисоб кунад.  Инкишофи моторикаи хурд, яъне маҳорати дасту ангуштонро зиёд кардан, машқи хотира ва аз ёд кардани шеъру суруд ба фоидаи кӯдакони мактабравак шуда мебошад.

-Дар баробари ҳамаи ин, ба кӯдак омодагии равонӣ лозим аст. Ҳамин тавр не?

— Бояд гуфт, ки духтарча ё писарбачаи аз ҷиҳати равонӣ ба мактаб нотайёр, бо вуҷуди хондаю навишта тавонистанаш наметавонад ба мактаб омода бошад. Кӯдак бояд дар суҳбат озод бошад ва гапи омӯзгорро фаҳмида, қоидаҳои ҷамъиятиро риоя намуда, аз муошират бо калонсолон ва ҳамсолонаш натарсад; ба маънии таҳсил дар мактаб сарфаҳм рафта, тартибу интизомро риоя намояд ва аз ҳама муҳимаш хоҳиши хондан дошта бошад.

— Талаботҳо нисбати либоси мактабӣ чӣ гунаанд?

— Либоси мактабӣ ва ҷувздон бояд мувофиқи синну сол ва ҳолати ҷисмонии кӯдак интихоб карда шавад.

Дар мактабҳо либоси махсус ҷорӣ гардидааст: шим ё домани сиёҳ ва куртаи сафед барои духтарон ва костюми сиёҳ барои писарбачаҳо. Талаботи асосӣ ба либоси мактабӣ ҳамин аст, ки он босифат бошад, ба зудӣ ғиҷим нашуда ба осонӣ тоза шавад. Вазни ҷувздон набояд аз вазни ҷисми кӯдак 10% зиёд бошад. Ҷувздон набояд васеъ ва аз тахтапушти кӯдак баланд бошад. Бортасмаро бояд баробари қади кӯдак кард, то ки вазн ба тамоми тахтапушти кӯдак баробар тақсим шуда, сутунмуҳраро аз каҷшавӣ нигаҳ дорад.

Дар баробари дафтар кӯдакони синфи 1 бояд ашёҳои дигари таълимиро аз қабили қуттии ҳарф ва рақам, коғази ранга, пластилин, муқаламҳо, чӯбчаҳои ҳисобкунӣ, китобмонак, рӯйкашаки дафтар, хаткӯркунак дошта бошанд. Қабл аз харидорӣ намудани ин ашёҳои таълимӣ бо муаллими фарзандатон маслиҳат кунед, то ки аз хариди беҳуда эмин бошед.

Агар шумо тамоми гуфтаҳои моро риоя намоед, фарзандатон ба осонӣ ба дунёи илму дониш ворид хоҳад гашт.

Фаромӯш накунед, ки аз ҳама муҳимаш барои кӯдаки синфи 1 на маҳорату малака, балки ба қувваи худ ва ба дастгирии волидон эътимод доштан аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.