Суғд: Ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯйқасд ба ҷон  афзудааст

Сатҳи ҷинояткорӣ дар миқиёси вилояти Суғд афзудааст. Ин нуктаро  зимни нишасти матбуотӣ прокурори вилояти Суғд, Ҳабибуло Воҳидов зикр карда афзуд: -Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар миқёси вилояти Суғд нишон дод, ки аз рӯи қайди ягона дар 6 моҳи соли равон ҳамагӣ 3398 (3357) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 ҷиноят ё зиёд мебошад. Кушодашавии ҷиноятҳо 90,56 (91,5) фоизро ташкил медиҳад. 

Ҷинояти авбошӣ 151 ё 7 адад, тамаъҷӯӣ 6  ё 4 адад, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор 100 ё 11 адад, қасдан вайрон кардани амвол 24  ё 5 адад, вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ 140  ё 21 адад кам ба қайд гирифта шудааст.

 Ба гуфти додситони вилоят ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯйқасд ба он низ афзудааст: “Дар баробари ин, 19  ҳодисаи одамкушӣ ва сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шуда, назар ба соли гузашта 10 адад ё 111,11 % зиёд ба қайд гирифта бошад ҳам, вале кушодашавии онҳо 100 (2017-100)%-ро ташкил медиҳад”.

                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *