Суғд: Муҳоҷирони депортшуда бо кор таъмин мешаванд
Дар ноҳияи Зафаробод барои муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия манъ гардидааст курси тракторӣ-механизаторон ташкил шуд. Айни замон дар ин курс тақрибан 20 нафар ҷавонону мардони муҳоҷири депортшудаи бешуғл ҷалб шудаанд.
Курси кӯтоҳмуддат дар доираи лиҳаи «Интегратсияи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии бозгашта тавассути омӯзиши касбӣ, аз нав мутахассисгардонӣ ва бо кор таъминкуни»-и ТҶ «Насли нав» ташкил шуд, ки онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад.
Шунавандагон бади се моҳи омӯзиш соҳиби шаҳодатнома мегарданд, ки баъдан бо он дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои пасошӯравӣ аз рӯи касб имкони ба коре машғул шуданро пайдо мекунанд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ