Суғд: Мулоқоти Арабшо Солизода бо роҳбарон ва фаъолони шаҳр

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду ошкоро ва судманди прокурори шаҳр Арабшо Солизода бо роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои ҷавонон ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хучанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷиҳати такмили Қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд.

Пешниҳоди мазкурро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баррасӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон онро ҷонибдорӣ намуданд ва қонуни мазкур санаи 28 августи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расонида шуд ва он мақоми расмӣ гирифт”.

Маъруф Муҳаммадзода дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки “Воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Бешубҳа Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда­ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст”.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода баромад карда, нахуст роҷеъ ба омилҳои қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйирот ба онро шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки “Солҳои охир бинобар баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум, бархе ашхос барои ба маърази тамошо гузоштани ҳузур, ҳашамат ва мартабаашон ба худнамоиҳо даст заданд ва ба ҳар васила бо баргузории маъракаҳои дабдабанок аз дорандагии худ дарак дода, ба иззати нафси мардум мерасидагӣ шуданд. Бо мурури замон ин маъракаҳо ба қавле “мусобиқа” ҳам шуд. Мардуми доро имконият доштанд, вале халқи нодор барои гузаронидани маъракаҳои дабдабанок имконият надошт ва маҷбур мешуд, ки қарз гирад ва ё  ба Руссия мардикорӣ равад. Фарзандон ба якдигар тақлид мекарданӣ шуданд, аз падару модар онро қатъиян талаб мекарданд. Ва ин ҳама ба оқибатҳои нангини хонавайронкунӣ, хонафурӯшӣ, худсӯзӣ ва дигар ҷиноятҳо оварда расонд. Мақомоти қонунгузор маҷбур шуд, ки дар ин самт механизми таъсиррасониро пурзӯр намояд ва мафҳумҳои “ӯҳдадорӣ”-ро нисбат ба “метавонад” бештар намояд.
Арабшо Солизода афзуд, ки мардум аз тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур истиқболи гарм намуданд, зеро дар гузаронидани маъракаҳо хеле сабукиҳо ба миён омаданд. Дорою нодор баробар шуд.  Иқдоми манъ карда шудани маъракаҳои ноншиканон, ақиқа, домодталабон маҳз вобаста ба муҳити шаҳри Хуҷанд ва навоҳии гирду атрофии он ба миён омадааст. Ва ҳамин тавр дигар маъракаҳои пурҳашамати дигар гӯшаву канори кишвар, ки берун аз анъанаҳои миллии мо буд низ манъ карда шуданд. Зеро моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маърака хеле маъмул шуда буд.

Прокурори шаҳр таъкид сохт, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд. Ин маънии онро дорад, ки мо зимни пӯшидани либосҳои ба фарҳангии миллии мо бегона эътибори ҷиддӣ диҳем. Хусусан ҳангоми иштирок дар тӯю маросимҳо. Бояд шарму номуси миллии хешро баланд бардорем. Аз ифтихори миллӣ ва тоҷик будани хеш андеша намоем.

Арабшо Солизода вобаста ба таъғироти дигар ба санаду меъёрҳои қонунгузорӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст. Ё худ барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани  зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол  пешбинӣ карда мешавад. Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахсон гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.

Арабшо Солизода дар анҷоми маърӯзаи худ таъкид намуд, ки “Бояд дарк намоем, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги  зарурат ба назорати пайваста ва танзим дошта, рушди доимии онҳо дар доираи талаботи замон бояд таъмин гардад. Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд. Қобили таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳимми паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид”.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро натиҷагирӣ намуда, таъкид сохт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ баҳри таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, аз масъулин ва тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ қотеъона талаб карда мешавад, ки нисбати масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, масъулиятнокии хешро баланд бардоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *