Суғд: Шаҳрванди Чин ҳамшаҳрашро корд зад

Мақомоти интизомӣ дар шимоли Тоҷикистон як шаҳрванди Чинро ба иттиҳоми зарба задан бо корд ба яке аз шаҳрвандони дигари ҳамин кишвар, боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса нимаи дувуми рӯзи сешанбеи 3-юми аврпел дар бозори «Атул»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Ба иттилои манбаъ, як марди 42-солаи чинӣ, ки сокини шаҳри Бӯстон будааст, дар ҳолати мастӣ ба як ҳамшаҳраш, ки соҳибкор будааст, бо корд ҳамла намуда, дар қафаси синааш як зарба мезанад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки фарди ҷабрдида ҷароҳат бардошта ва ба бемористон интиқол дода шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин шаҳрванди Чин бар пояи моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *