Дар Истаравшан арӯси 4-моҳа кӯдаки 9-моҳа зоид

Гулсара тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофта, боварӣ дошт, ки ин сири нангин ошкор намешавад, аммо…

                                           Тифл дар ҳоҷатхона

Ҷавонзани 21-солаи истаравшанӣ Гулсара Абдуллоева рӯзи 21-уми феврал, пас аз 3 моҳи тӯй кӯдаки 9-моҳаи ҷинсаш писар таваллуд карда, барои аз чашми ҳамагон пинҳон мондани амали худ тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона партофт, аммо аҳли оила садои гиряи кӯдакро шунида, ӯро аз марг наҷот доданд. Оид ба ин далел тибқи талаботи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд, аммо бо сабабҳои номаълум  парванда қатъ гашт.

Барои фаҳмидани асли ҳодиса ва сабаби қатъ гардидани парванда мо роҳ ҷониби деҳаи Туқузчалаки ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан пеш гирифтем, то ба ҳарду оила аз наздик суҳбат намоем.

                            Раиси маҳалла чӣ мегӯяд?

Сири тамоми муаммову муноқишаҳои оилавиро аз ҳама беҳтар раиси бино ё  раиси маҳалла медонад, аз ҳамин сабаб, қабл аз он ки дари хонаи хусуру хушдоман ё падару модари Гулсараро кӯбем, мо бо раиси маҳалла Маҳмадалӣ Муродов ҳамсуҳбат гаштем. Номбурда дар робита ба ин масъалаи ба қавли худаш “шармандасоз” чунин гуфт:

-Ростӣ, ҳамаи мо ҳайронем, ки чӣ хел як келин дар чор моҳ кӯдаки 9-моҳа зоида, на танҳо обрӯи падару модар ва пайвандони шавҳараш, балки обрӯи тамоми маҳаллаи моро бо хоки сиёҳ яксон намуд. Мегӯянд, ки дар вақти тӯй модари духтар бо ҷодугарӣ ба чашми ҳама хок пошида будааст, вале ростӣ, то куҷо ҳақиқат доштани ин гапҳоро ман  намедонам. Шавҳари Гулсара бачаи одӣ не, ҷавони таҳсилдида ва соҳиби маълумотӣ олӣ аст. Наход чунин ҷавони ба қавли мардум “чашмаш кушодагӣ”  духтарро аз зани ҳомиладор фарқ накунад?!

Шумо аз рӯй додани ин ҳодисаи нангин кай хабардор шудед?

Ҳамон рӯзи наҳс Гулсара писарча таваллуд карда, дарҳол тифлаки навзодашро ба ҳоҷатхона мепартояд, то ки сирраш фош нашавад. Барои он ки аҳли оилаи шавҳараш кӯдак зоидани ӯро нафаҳманд, ин ҷавонзани сангдил ба сӯйи тифлаки дар даруни ахлот хобидааш сангу кулӯх мепартояд. Ҳамин вақт тасодуфан падаршӯяш ӯро дида, чӣ кор карданашро пурсон мешавад. Келинчаки маккора мегӯяд, ки як сагча ё пишакча ба ҳоҷатхона афтидааст, барои ҳамин вай ҷонварро бо санг  ва кулӯх зада истодааст, то ки ин қадар овози нохуш бароварда, ҳамаро безобита накунад. Падаршӯяш зуд бо фонарик ҳоҷатхонаи торикро   равшан карда, мебинад, ки сагу гурба не, тифлаки навзоде дар даруни ҳоҷатхона дасту почак зада гиря карда истодааст. Мӯйсафед дарҳол ба нозири минтақавӣ занг мезанад. Дар шоҳидии ҳамон нозир тахтаҳои ҳоҷатхонаро канда, тифлакро аз байни ифлосиҳо баровардем. Нозир “мабодо ҷинояткор аз даруни ҳамин оилаи набошад” гӯён, аввал се маротиба ба хубӣ пурсид, ки ин кӯдаки кист, вале келин ба гуноҳаш иқрор нашуд. Дили тамоми одамони дар он ҷо буда ба ҳоли ин тифлаки бегуноҳ месӯхт, вале ҳатто пинаки модари фарзандкуш вайрон нашуда, хунсардона мегуфт:

-Намедонам, ки ин кӯдакро кӣ оварда ба ҳоҷатхонаи мо партофтааст. Ман дар торикӣ надида, овозашро овози кучукча гумон кардам…

Тоқати нозир тоқ шуд ва дилаш ба ҳоли кӯдаки ба хуну ифлосиҳо олудаи дар панҷаи марг қарордошта сӯхту ба рӯи модари сангдил як шаппотӣ зада, саволашро такрор кард:

-Ин кӯдаки кӣ?

Келин дид, ки сираш ошкор шуд, ноилоҷ монда гуфт:

-Кӯдаки ман!

dav

                                            Грипп баҳонаю….

      Абӯалӣ Муродов, падаршӯйи Гулсара Абдуллоева он рӯзи наҳсро чунин ба ёд меорад:

-Рӯзи сешанбе, 20-уми феврал келин бо ранги кандагӣ барои худаш ҷогаҳ партофта хоб рафт. Духтарам ба ташвиш афтида гуфт, ки ҳоли янгаам бисёр бад менамояд, биёед духтур ҷеғ занем. Ман ба назди келин даромада пурсидам, ки ӯро ба духтур барем ё духтурро ба хона ҷеғ занем, вале ду пояшро дар як мӯза андохта “ман камтар грипп шудагӣ, як дору хурам, нағз мешавам” гуфт ва илтимос кард, ки духтур ҷеғ назанем. Ҳамин тавр аз пагоҳии рӯзи сешанбе, тахминан аз соатҳои 8:30-и саҳар то рӯзи чоршанбе қариб 30-35 маротиба 5-10 дақиқа пас келин ба ҳоҷатхона даромада мебаромад.  Даробарои ӯро дида ба ҳамсарам гуфтам, ки ман мард ҳастам, пурсам айб мешавад, ту хушдоман шуда як бор аз келинат намепурсӣ, ки барои чӣ ин қадар тез-тез ба ҳоҷатхона даромада истодааст. Мабодо духтари мардум ягон касали дигар нашуда бошад?! Ҳамсарам рафта келинро аҳволпурсӣ кард, вале ба хушдоманаш ҳам гуфтааст, ки ман тинҷ, бемалол рафта хоб кунед.

-Мегӯянд, ки тифлро дар ҳоҷатхона аввалин шуда, шумо дидаед?

Бале, ҳамон саҳар, яъне субҳи рӯзи чоршанбе, 21-уми феврал ба бозор рафтанӣ шуда, хостам аз келин пурсам, ки себ биёрам ё нок, вале дар ҷавоб гуфт, ки дилаш ягон чиз намекашад. Ба бозор рафтан баробар дилам худ аз худ сиёҳ шудан гирифт.

Идомаи ин саргузашти арӯси бадбахтро донистан хоҳед ҳафтаномаи «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар дастрас намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *