Суғд: Шикорчиёни моҳиро ҷазои “нав” медиҳанд
Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд таҳти №27 аз 17. 03. 2017 дар асоси моддаҳои 6 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, моддаҳои 8- ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи олами наботот ва ҳайвонот” маъракаи манъи шикори моҳи оғоз шудааст.
Инчунин, тибқи моддаҳои 6, 10 ва 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи моҳипарварӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ”, моддаҳои 4 ва 17-и “Қонуни моҳипарварӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмгузории моҳӣ аз санаи 1 апрел то 15 инюни соли 2017 сайди моҳӣ дар обанборҳои вилоят аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ манъ карда шудааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ