Мақомот: Воридоту содироти китобҳо танҳо бо иҷози махсус

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, бидуни иҷозаи махсуси ин вазоратхона ба кишвар ворид кардани китоб ва ё баръакс аз кишвар берун бурдани китобҳо, мумкин нест. Шералӣ Хоҷаев, сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст, ворид намудани китоб ба ҷумҳурӣ бидуни иҷозаи вазорат мумкин нест.

Ба гуфти номбурда, “новобаста аз теъдоди китобҳо воридшаванда, шаҳрванд бояд иҷозатномаи Вазорати фарҳангро бигирад. Ин талабот ба ҳамаи кишварҳо дахл дорад ва новобаста ба забон ва ё ҳуруфи китоб, чунин иҷозатнома бояд гирифта шавад ва пас аз он, барои ворид ва ё содир кардани он иҷозат дода мешавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *