“Суғдиён” дар Кӯлоб муштариёнро фиреб медодааст

Прокуратураи  шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Давлатов, раиси корхонаи «Суғдиён», бо иттиҳоми фиреби муштариҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳангоми тафтиш 1200 халта ё беш аз 65 тонна орди мӯҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор намудаанд.

Нисбати Валӣ Давлатов, раҳбари корхонаи орд бо моддаи 209, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне «истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ва маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад», 294, қисми 3, банди «б», яъне «фиреби истеъмолкунандагон ба миқдори махсусан калон» ва 322, қисми 1 – «хунукназарӣ» парванда боз карда ва ҳамакнун барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар сурати исботи иттиҳом алайҳи Валӣ Давлатов ӯро ҷарима аз 200 то 500 нишондиҳанда ё аз 2 то 5 соли зиндон мунтазир аст.Маълум нест, ки худи Валӣ Давлатов ва вакили дифояш ба ин қазия чӣ назар доранд. Худи соҳибкор ва ҳам зердастонаш аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *