Субҳонзода Икром: Камшавии теъдоди донишҷӯён паёмадҳои манфӣ дорад

Дар нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори ин ниҳод Субҳонзода Икром дар мавриди сол аз сол кам шудани шумораи донишҷӯён чунин гуфт: “Кам шудани теъдоди донишҷӯён паёмадҳои манфӣ дорад, ки он метавонад ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ зарар расонад. Ин омил метавонад норасоии кадриро ба бор орад”.

Ҳамзамон, Субҳонзода қайд намуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ наздик ба 2,7 млн нафар толибилм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки таҳсили онҳо дар 4822 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 696 боғчаи кӯдакона, 3940 мактаб, 82 колеҷ ва 42 донишгоҳу донишкада ба роҳ монда шудааст.

Аз тарафи Агентӣ дар шаш моҳ фаъолияти 7 муассиса — “Мактаби хусусии ба номи Мирзо Ҳасанзода” дар Мастчоҳ, Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Ояндаи дурахшон” дар Бӯстон, ҶДММ “Хонаи британиягӣ” дар Душанбе, Маркази таълимии “Чароғи дониш” дар Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Сафои Ватан” дар Душанбе, ҶДММ “Ҳисор” дар Ҳисор ва ихтисосҳои тиббии Колеҷи техникии шаҳри Хуҷанд, ки ба сифати таҳсилот ҷавобгӯ набудаанд, бозхонд ва баста шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *