Зодаи Тоҷикистон Файзулло Хушвахтов — ҳофизи “Қуръон” дар Хабаровск 

Файзулло Хушвахтов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар Хабаровски Русия ба воя расидааст, ҳофизи мураттаби “Қуръон” шудааст.

Ӯ аз синни 15-солагӣ ба омӯзиши “Қуръон” пардохта, бо роҳнамоии устодаш Одилбек-ҳазрат, ки ӯ низ зодаи Тоҷикистон аст ва ноиби муфтии Хабаровск мебошад, дар муддати 2 сол онро пурра аз худ кардааст.

Дар идораи мусалмонони минтақаи Шарқи дури Русия бо иштироки беш аз 100 нафар ба ифтихори хатми “Қуръон” аз тарафи Файзулло маҳфил баргузор гардидааст. Муфтии минтақаи Шарқи дур Абдуҷаббор Қодиров Файзуллоро таҳсин хонда, таъкид кардааст, ки маҳз ҳофизону қориён нигаҳбони аслии “Каломи шариф” буданду ҳастанд.

Ҳамзамон, ба Файзулло аз номи муфтии Шарқи дур смартфон туҳфа кардаанд ва аз ӯ хостаанд, ки дониши андӯхтаашро ба фоидаи тамоми мусалмонони Шарқи дур истифода кунад. Зеро дар ин минтақа даҳҳо ҳазор мусалмон на танҳо аз Осиёи Миёна, балки аз Тоҷикистон низ ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *