Суд муҳоҷирони зиндониро озод кард
Суди шаҳри Маскав рӯзи 14 август ҳамаи 5 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ширкат дар занозании ду сол пеш дар оромгоҳи Хованское зиндонӣ шуда буданд, озод кард. Дафтари матбуоти суди Маскав гуфтааст, ки суд 3 сол ҳукми зиндони Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриевро тағйир надод, вале ҳар рӯзи пушти панҷара ба сар бурдани онҳоро баробари якуним рӯз ҳисоб кард ва гуфт, ки ин 5 муҳоҷири тоҷик алакай ҳукми худро адо кардаанд ва бояд озод карда шаванд.
Ҷомӣ Чақалов, Диловар Юнусов, Раҳмиддин Садриддинов, Шоймардон Аҳмадов ва Ҳоҷиқурбон Бӯриеврӯзи 14 майи соли 2016 дар пайи занозании байни коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское бо як гуруҳи ҷиноӣ дастгир шуданд. Суди ноҳияи Шербинкаи шаҳри Маскав моҳи декабри соли 2017 онҳоро бо иттиҳоми авбошӣ сесолӣ ҳукми зиндон дод.
Ин 5 муҳоҷири тоҷик, ки беш аз ду солро пушти панҷара ба сар бурданд, ҳама аз шаҳри Роғун ва минтақаи Обигарми ноҳияи Файзобод буда, дар Маскав дар оромгоҳи Хованское кор мекарданд. Онҳо дар додгоҳ гуфтанд, ки худро гунаҳкор намешуморанд, зеро рӯзи 14 майи соли 2016 мудири нави оромгоҳи Хованское Юрий Чабуев барои аз инҷо рондани мардикорони тоҷик беш аз 100 нафари мусаллаҳ аз як гурӯҳи ҷиноиро киро карда буд ва онҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳимоят аз ҷони худ чӯбу санг ба даст бигиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ