Судҳо омили таъмини Ваҳдат ҳастанд

Моҳи равон-моҳи Ваҳдат аст.        27-уми июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт.   

Вахдат-ин ифодагару инъикосгари мафҳумҳои ягонагӣ в а якпорчагӣ мебошад.Ҳамзамон бо рушду нумуи Ваҳдат дар давоми соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон дар низоми идоракунии давлат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии он, роҳу равиши зиндагӣ, тафаккури сиёсӣ, эҳсоси худогоҳӣ ва ҷаҳонбинии мардум тағйироти азиме ба вуқуъ пайваст.

Дар ин замина дар судҳои ҷумҳурӣ дар мустаҳкамӣв а пойдории давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оромию суббот, бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва таҳкиму пойдории истиқлолияти давлатӣ бо роҳи баровардани қарорҳои қонунӣ ваадолатнок саҳми босазодоранд.

Ҳокимиятисудӣвобаста ба таъминиадолатисудӣ, аз соҳибистиқлолииҶумҳурииТоҷикистонсарчашмамегирад, волоиятиқонун, муборизазиддиҷинояткорӣ, тероризмибайналхалқӣ, экстремизмисиёсиюдинӣватаъминирушдииқтисодиюиҷтимоиикишвар, дар ҷомеътадбирҳоиҳадафрасроанҷоммедиҳад.

Дар баробари ин, ҳар корманди мақомоти судиро зарур аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ризояти сиёсӣ ва ваҳдати миллиро муқаддас ҳисобида, бо қадрдонӣ аз он волоияти қонунро дар ҷомеъа таъмин намуда, фаъолияти худро дар самти ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҷоннок намоянд. Аз баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои мутташакил, терроризм, экстремизми сиёсию мазҳабӣ, оқибатҳои даҳшатовари ин қабил ҷиноятҳо ва қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма мардумро огоҳ бисозад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мурофиаҳои сайёри судиро вобаста  ба баррасии ҷиноятҳои вазнин ҳарчӣ бештар ташкил бинмоянд.

Таъмини волоияти қонун ба мо даст медиҳад, ки дар ташкили ҷомеаи воқеъан демократию ҳуқуқбунёд марҳила ба марҳила комёб гардида, Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро комилан ҳифз намоем.    

 

                                                              С. Босхонзода,

                                                               О.Ниманова,

                                                   кормандонидастгоҳи

                                                      Суди шаҳри Душанбе

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *