Хайём Хуросонӣ буд,на эронӣ…

Эй баски набошему ҷаҳон хоҳад буд,

Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.

З-ин пеш набудему набуд ҳеҷ халал,  

  З-ин пас чу набошему ҳамон хоҳад буд.         

 

 

Умари Хайём машњуртарин риёзидон, ситорашинос ва шоире мебошад, ки дар Хуросон дар ќисмати шимолу шарќии Эрон соли 1048 зода шуда, соли 1131 њамон љо олами њастиро падруд гуфтааст. Хайём муаллифи зиёда аз 68 асарњои илми мебошад, ки бештари корњои илмї ва тадќикотии ў бо забони арабї, яъне вобаста ба таќозои замон таълиф шудаанд.      Вале ашъори баландмазмуни  ў, ки бо номи рубоиёт дар тамоми љањон машњуранд ва чанде аз тањќиќоти фалсафиаш бо забони ноби модариаш, ки форси-пањлави аст, таълиф шудаанд.                Умари Хайём њамчун риёзидон ва файласуф ба омўзиши масъалањои физикї, илмњои табиатшиносї ва шеър майли беандоза дошт. У на суфї ва на тарафдори бунёдгарои буд. Вале њамчун шоири романтик дар олами ѓарб бисёр машњур гардидааст. У дар китобаш «Ал-Љабр»-алгебра овардааст, ки: «Бештари одамон, ки ба файласуфон таќлид менамоянд, њаќиќатро ба хато омехта мекунанд. Онњо њељ корро ба сомон намерасонанд, аммо илмро фиреб медињанд. Агар онњо инсонеро, ки барои фарќ кардани њаќ аз ботил љањд мекунад , бубинанд, ўро масхара мекунанд».  Дар бисёр рубоиёте, ки ба Хайём нисбат медињанд, амсоли таъкиб ба майхораги , ин дар шаъни  як донишманди баландпоя рост намеояд ва дар асолати бархе аз онњо шакку шубња  боќи аст.      Абулфатњ Умар ибни Иброњими Нишопурї маъруф ба Умари Хайём аз чењрањои тобноки улуми риёзї, нуљум ва њикмати љањон дар ќуруни Вусто аст. Барномаи бузургдошти Хайём  тавассути ЮНЕСКО дар моњи сентябри соли 1999 дар Париж сурат гирифт, њол он ки Умари Хайём зодаи Тус асту аз нажоди Пањлавиён аст. Рубоиётњои ў ва шоњномаи Абулќосим Фирдавсї низ пок бо забони ноби Пањлави суруда шудаанд. Чуноне, ки худи Фирдавси мегўяд:                                                                                Навиштам сухан чанд бар Пањлавї,                                                     Абар дафтару коѓази Хусравї.                                                               Нињодам ба ганљур то рўзгор,                                                                Барояд, бихонад магар Шањриёр.

Аз соли 634-и мелодї дар кулли сарзамини Эрон ягон нафарро Умар ном нанињодаанд, аз кинаи халифаи дуюм Умари Хаттоб. Пањлавиёнро низ эрониён аз ќадим  ќабул намедоранд ва шоњи охирини пањлавиён дар эрон Ризо Пањлави буд, ки эрониён тариќи инќилобї ин шоњигариро сарнагун сохтанд. Шоњ Ризо Пањлави маљбур шуд, ки ба Фронса фирор намояду боќии њаёташро њамчун гуреза дар Фронса гузаронад.                 Дар Ѓарб Хайёмро њамчун Њакими Тўси ном мебаранд, ки Тўсу Нишопур  сарзамини Хуросони бостонианд, ки бо амри сарнавишт њаволаи Эрон гардидаанд .  Омўзиши эљодиёти Хайём, хоса рубоиёташро Исломиён барои он манъ намудаанд, ки  фикру аќидањои пешќадами илми доранд. Моро месазад дар даврони Истиќлолияти Љумњуриамон соли 2018-умро дар созмони ЮНЕСКО соли бузургдошти Умари Хайём эълон намоем ва ин дурдонаи беназири ниёгонамонро ба љањониён, бори дигар муаррифи намоем.  Дар ин мавзўъ бо як рубоии Умари Хайём хотима мебахшем:

Гарчи ѓаму ранљи ман дарози   дорад,

Айшу тараби ту сарфарози дорад.

Бар њарду макун такя, ки даврони  фалак,

Дар парда њазор гуна бози дорад.

Рањмат Шералиев,

                                                       омўзгор.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *