Суд як корманди нуқтаи таъмири нақлиётро ҷарима баст

Суд як корманди нуқтаи таъмири нақлиёт дар шаҳри Душанберо барои вайрон кардани тартибот ҷарима баст.

Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе Нуриддин Сафаров, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар нимашаб халалдор сохтани оромии шаҳрвандон дастгир карда шудааст.

“Муайян гардид, ки номбурда дар нуқтаи таъмири нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси рангуборчии воситаҳои нақлиёт  фаъолият намуда, зимни анҷоми корҳои таъмири нақлиёт пайваста реҷаи кориро вайрон ва то нимашаб кор мекардааст. Чуноне аз наворҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон дида мешавад, садои баланду гӯшхароши дастгоҳҳои устохона зимни истифодабарӣ оромии шабонаи сокинони биноҳои атрофро халалдор сохта, боиси нороҳатӣ ва эроди шаҳрвандон гардидааст”,-итттилоъ медиҳад маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе.

Нисбат ба Нуриддин Сафаров протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *