Муин Ғафуров: Ғалабаамро ба 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон мебахшам!

Муин Ғафуров, размкори шинохтаи тоҷик дар набарди охирини худ, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Су-Фолси иёлоти Ҷакотаи шимолии ИМА баргузор гардид, ба рақиби бразилиягии худ — Диего Силва ғолиб баромад. Ӯ ҳарифро тариқи нокаути техникӣ шикаст дод.

Муин Ғафуров гуфт, ки «ин ғалабаи худро бахшида ба 70-солагии Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон тақдим мекунам». Ҳамзамон, ӯ аз ёру дӯстон ва сарпарастонаш изҳори минатдорӣ намуда, дар охир қайд кард, ки мехоҳад дар ташкилоти UFC баромад намояд.

Ин рақобат дар доираи ташкилоти LFA буда, акнун ӯ имкон пайдо намуд, ки ба ташкилоти UFC гузарад.

Охирин рақобати ӯ моҳи сентябри соли гузашта бо размикори канадагӣ Чед Анхелигери дар доираи чемпионати Dana White’s Contender Series баргузор гардида буд, ки бо ғалабаи варзишгари канадагӣ анҷом ёфта буд.

Даричаи ошноӣ

Муин Ғафуров 17-уми майи соли 1996 дар Душанбе ба дунё омада, 26 сол дорад. Аз синни ҳафтсолагӣ тамрини футбол мекардааст. Аммо чор амакаш мехостанд, ки ӯро муштзану размикор бубинанд ва аз ин рӯ, ӯро ба толори гӯштини самбо гузоштанд. Муин дар аввалҳо аксар вақт аз машқҳои толори самбо гурехта, футболбозӣ мекард, вале баъд аз муваффақиятҳои аввалин ба гӯштин шавқ пайдо намуд.

Соли 2014 дар мусобиқаи касбии самбои размии Persian Invasion Муин Ғафуров бар Магомед Абдуллоев, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ушу-санда пирӯз шуд. Соли 2016 бо созмони осиёии ONE Fighting Championship Team шартнома баст. Ӯ назди амакаш, раиси Лигаи самбои ҷангӣ ва ММА-и Тоҷикистон Аҳтам Хокиров тамрин мекунад. Муин Ғафуров аз соли 2013 то имрӯз 21 бозӣ анҷом дода, дар 18-тои он ғалаба ба даст овардааст. Қади ӯ 170 см буда, 61 кг вазн дорад.

Муин Ғафуров ду карат қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо, қаҳрамони ҷаҳон оид ба грепплинг, қаҳрамони ҷаҳон оид ба ММА буда, ҳамзамон, ҷудоист ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба самбои размӣ мебошад.

Мо ба Муин Ғафуров барор мехоҳем ва умедворем ҳастем, ки дар сархати беҳтарин размикорони ҷаҳон қарор гирифта, номбардори Тоҷикистон мегардад.

Таҳияи Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *