Суди Хуҷанд ҷавонони “салафи”-ро равонаи зиндон кард

Суди Хуҷанд як гурӯҳи 8-нафарии ҷавонон, ба шумули як аробакаши бозор ва 4 донишҷӯи бахшҳои рӯзноманигорӣ ва ҳуқуқ, як хатмкардаи донишгоҳро бо ҷурми тарғибу ташвиқи ақидаи Салафия ва «хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон кардани он», ба зиндон равон кард.

 Ин ҷавонон як хонаи заминиро дар маҳаллаи Себзори маркази Хуҷанд ба иҷора гирифта, кору таҳсил мекарданд. Суди Хуҷанд мегӯяд, Комрон Назмиддинов, ҷавони 18-сола, ки дар бозор аробакашӣ мекард, бо ҳамсоли бекораш Абдуназар Назаров ақидаи «Салафия»-ро пазируфта, рафиқони ҳамхонаи худро ба қабули ин равияи дар Тоҷикистон мамнӯъ, аз ҷумла намоз хондан ба тарзи пайравони ин равия, ташвиқ мекарданд.Суд  мегӯяд, сабти сӯҳбати телефонии Назмиддинов, ки дар он яке аз рафиқонашро ба қабули ақидаи равияи «Салафия» даъват мекунад, ҳамчун далели шайъӣ ба парванда илова шудааст. Ин ду нафарро додгоҳ барои «ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)» ҷиноӣ айбдор дониста, ба 6 сол ҳабс дар зиндони низомаш сангин, маҳкум кард.Додгоҳ шаш рафиқи ҳамхонаи онҳо — Субҳоналӣ Абдуҷабборов, Камолҷон Ахунов, Саидмурод Давлатов, Ҳаитбой Шодмонқулов — донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ, ҳуқуқ ва таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Далерҷон Самиеви хатмкардаи ин донишгоҳ, ки ба ҳайси тарҷумон бо ширкати тарҷумоние ҳамкорӣ доштааст ва Ғуфрон Неъматовро, ки бекор будааст, барои «хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он», ба 6 моҳи ҳабс дар зиндони дорои низоми умумӣ, маҳкум кард.Қарори додгоҳ рӯи 20 ноябр содир шуда, ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст. Комрон Назмиддиновро мақомоти амниятӣ авохири моҳи июн ва Абдуназар Назаровро моҳи август дастгир карданд. Додгоҳ мегӯяд, 6 узви дигари ин гурӯҳ замони тафтиши парванда ба шарти берун нарафтан аз маҳали зисти худ дар озодӣ қарор доштанд.Ин 8 тан ҷавонони аз 18 то 30 сола буда, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтаанд, ки хонаи иҷораро ба хотири арзон афтодан якҷоя гирифта буданд ва моҳе ҳар кадом 100 сомонӣ пардохт мекарданд.Ҷараёни тозапайдои «Салафия», ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, охири соли 2014 бо қарори Суди олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар соли 2017 додгоҳҳо даҳҳо парвандаи муттаҳамон ба терроризму эктремизмро баррасӣ кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *